Қаламро муътабар аз мансаб донист…

1-уми майи соли 2022 ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои шинохта, арбоби намоёни давлатӣ ва фарҳангӣ, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаров 100 сол пур мешавад.

Саҳми Меҳрубон Назаров ба ҳайси Вазири маданияти РСС Тоҷикистон ва ректори ДДФС ба номи М. Турсунзода дар ташаккул ва пешрафти санъати касбии тоҷик ва тайёр кардани шогирдону мутахассисони соҳаи фарҳанг шоистаи таҳсин аст.

Имрӯзҳо дастпарварон ва шогирдонаш дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои Рашту Ҳисори Шодмон шарафмандона кор карда, устод Меҳрубон Назаровро бо некӣ ёд мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки устод Меҳрубон Назаров солҳои аввали фаъолияти эҷодиаш дар Театри шаҳри Хоруғ байни хонандагон чун журналисти сермаҳсул маълуму машҳур буд.

Фаъолияти корӣ ва эҷодии Меҳрубон Назаров хеле васеъ ва доманадор аст. Он кас навозанда, актёр, режиссёр, журналист, драматург, олим, омӯзгор ва ниҳоят ходими машҳури давлатӣ ва фарҳангӣ буд.

Устод Меҳрубон Назаров қариб 50 сол бо қалам сарукор дошт ва ин дилбастагӣ авваал ӯро бо журналистика ошно сохт. Баъдҳо даст ба таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни санъат зада, чун олими фарҳангшинос соли 1966 дар мавзӯи «Инкишофи санъати касбии театрӣ-мусиқӣ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадиро дифоъ намуда, сазовори унвони илмӣ, номзади илмҳои таърих гардид. Бар замми навиштани қиссаву ҳикояҳо ба драматургия низ даст зада, намоишномаҳои «Найрангшоҳ» (1956), «Орзу» (1969), «Дасти дӯст» (1974), «Ҳалокати одат» (1974), «Ақида», «Пайраҳаҳои оташин» ва дигарҳоро навишт, ки солиёни дароз дар саҳнаҳои театрҳои кишварамон гардон буданд.

Танҳо ғаввоси роҳи илму маърифат лозим аст, ки дурдонаҳои ноёбро аз қаъри баҳр берун ва дастраси мардум гардонад.

Дар ин рӯзҳое, ки тамоми сокинони кишварамон 100-солагии Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, вазири вақти маданияти РСС Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаровро ҷашн мегиранд, зарурате ҳаст, ки беҳтарин мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва очерку сафарномаҳои устодро ба шакли китоб гирд оварда, чоп кунем. Он кас як умр дар хизмати халқу Ватан буданд. Пас биёед, мо, ворисонаш ақаллан, баъд аз вафоташ як қарзамонро дар назди руҳи покаш иҷро кунем. Қарзе, ки қалами журналист Меҳрубон Назаров онро дар тӯли солҳои 1945-1992 гирд овардааст. (Ихтисоран рӯи чоп омад).

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *