Қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Маслиҳати мутахассиси соҳаи IT ба мардум (видео)

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълону видео-роликҳо аз номи чеҳраҳои шинохта, бонкҳои кишвар зиёд паҳн мешаванд. Дар ин эълону видео-роликҳо қаллобон ба мардум ваъдаҳо медиҳанд, ки ба ширкате маблағгузорӣ кунанд, фоидаи калон ба даст меоранд. Дар подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” мутахассиси соҳаи IT Шодрӯз Амондиллоев то куҷо ҳақиқат доштани чунин видео-роликҳо, фейк ва қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ дод.

— Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн мегарданд, ки дар онҳо аз номи бонкҳо, ширкатҳо, мансабдорон ва шахсиятҳои шинохта ваъдаи ба даст овардани маблағҳои калон, кӯмакпулӣ ва сармоягузорӣ дода мешаванд. Аз нигоҳи шумо, то куҷо ин роликҳо воқеият доранд?

— Воқеан ҳам, вақтҳои охир қаллобон дар интернет зиёд шудаанд. Рӯзҳои охир ман мушоҳида мекунам, ки дар шабакаҳои интернетӣ чунин видео-роликҳо хеле зиёд шуда истодаанд. Дар ин видео-роликҳо ҳама вақт қаллобон мехоҳанд шумо ба ягон линк ворид шавед ва дар онҷо маълумотҳои худро гузоред. Масалан, маълумоти корти бонкӣ, рақами телефон ворид менамоед ва пас аз он ки қаллобон маълумотро ба даст меоранд, аз онҳо сӯйистифода мебаранд.

— Умуман, чунин қаллобони интернетӣ дар куҷо фаъолият дошта бошанд?

— Қаллобони интернетиро фаҳмидан хеле душвор аст. Онҳо метавонанд ҳам дар хориҷ аз кишвар бошанд ва ҳам дар дохили мамлакати мо. Аслан, онҳо аз номи ширкатҳое истифода мебаранд, ки аллакай муштариёни зиёд доранд. Ё аз номи афроде, ки онҳоро мардум мешиносанду боварӣ доранд.

— Аз нигоҳи шумо ҳамчун мутахассиси соҳаи IT, ки таҷрибаи беш аз 10-солаи фаъолият доред, мардум бояд чӣ кор кунанд, то ба доми чунин қаллобон наафтанд?

— Тавре мушоҳида мешавад, вақтҳои охир бонкҳову ширкатҳое низ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номашон муштариёни онҳоро фиреб мекунанд, оид ба пешгирии амалҳои қаллобон рекламаву роликҳои махсус пахш кардаанд. Барои ба доми қаллобон наафтодан, шахс бояд аввал аҳамият диҳад, ки вақте тахфифҳо пешниҳод мешаванд, бонкҳо марказҳои тамоси худро доранд, аввал як маротиба занг зананд ба маркази тамос ва дақиқ намоянд, ки чунин иқдом рост аст ва ё бардурӯғ.

— Вақтҳои охир як фейки дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешавад, махсусан дар шабакаи иҷтимоии “Телеграмм”, ки бо ирсоли пайванд (линк) дар зери он навишта шудааст, ки “ин акси шумо аст, бовар доред ё не?”. Яъне, онҳо шуморо як навъ боварӣ, итминон мебахшанд, ки вориди ҳамон пайванд шавед. Дар ин маврид шумо чӣ назар доред?

— Бале, аз фиристодани ин гуна линк дар “Телеграмм” хабардор ҳастам. На танҳо дар мессенҷери “Телеграмм”, дар “Вотсап”, “Фейсбук” низ чунин қаллобон зиёд шуда истодаанд. Ҳадафи онҳо ҷамъ намудани маълумот дар бораи шумо аст. Вақте шумо ҳамон барномаеро, ки онҳо сурат гуфта равон мекунанд, дар телефони худ насб менамоед, аллакай баъзе маълумоти корти шумо ё маълумотеро, ки барояшон лозим аст, аз телефонатон медузданд.

— Тариқи ҳамёнҳои мобилӣ ҳам метавонанд маблағро аз суратҳисобатон гиранд?

— Бале, вақте ки онҳо рақами телефони шуморо гирифтаанд, метавонанд ба ҳамёни шумо ворид шаванд ва бо роҳи фиреб ҳамон смс-огоҳиеро, ки меояд, мегиранду суратҳисобатонро холӣ мекунанд. Барои пешгирӣ, масалан “Ориёнбок“ дар App Store ва Google play барномаҳои расмии худро дорад, ки шумо метавонед боргирӣ намоед.

— Ин гуна барномаҳо пеши роҳи қаллобон ва фейкҳоро мегиранд?

— Албатта. Вақте шумо барномасоз ҳастед ва мехоҳед барномаи худро ба мизоҷонатон пешниҳод намоед, бояд дар App Store ва Google play ҷойгир намоед. Ин ширкатҳо аллакай ширкатҳои бонуфузанд, дар онҷо кормандон оид ба бехатарӣ ҳастанд ва ҳамин барномаи шумо аз модератсия мегузарад. Вақте аз модератсия мегузарад, онҳо дар мағозаи худ ҷойгир мекунанд ва вақте аз мағоза ҳамон барномаро дастрас мекунед, аллакай сад фоиз эътимод ҳаст, ки ин барнома ба шумо ягон зарар намерасонад. Барои ҳамин, ман тавсия медиҳам, ки кадом барномае ба шумо лозим бошад, ҳамеша аз мағозаҳои App Store ва Play Market боргирӣ намоед.

— Яъне, барномаҳои муҳофизат аз амалҳои қаллобиву маълумоти фейкӣ?

— Бале.

— Вақте ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар мессенҷерҳои “Телеграмм”-у “Вотсап” ба ҳамин гуна фейкҳо, эълонҳои бардурӯғ дучор омадан, мардум бояд чӣ кор кунанд?

— Беҳтар аст, ки чунин пайванд (ссылка)-ро накушоянд. Дар ҳолати кушодан ҳам, бояд барномаи муҳофизат аз ҳар гуна вирусҳоро дар телефону комютери худ насб карда бошанд.  Дар ин ҳолат телефони шумо ҳамеша огоҳӣ медиҳад, ки ба кушодани ҳар гуна  пайванд иҷозати боргирӣ диҳад ё не? Агар аҳамият дода бошед, вақте ҳамон пайвандро пахш мекунед, символҳои нофаҳмо дорад. Ҳамчунин, пеш аз ягон пайвандро кушодан, бояд донед, ки он аз кадом ширкат аст. Барои мисол, аз номи баъзе ширкату бонкҳо равон мекунанд, агар аҳамият диҳед, пайванд ҳамонҳо протоколи http аст. Яъне, протоколҳои онҳо “s” надорад, http аст. Вақте агар “s” дошта бошад, шумо метавонед ба он пайванд бовар ҳосил кунед.

Дар мавриди барномаҳо, вақте ягон дӯстатон равон мекунад ва шумо маълумот надоред дар бораи онҳо, ба дӯстатон пеш аз боргирӣ (скачат) як маротиба занг зада, чӣ будани ин барномаро пурсед.

— Чаро эълонҳои фейк дар “Вотсап” ва “Телеграмм” асосан аз номи шахсе меояд, ки мешиносед?

— Ба бисёр сомонаҳое, ки ворид мешавед, ба воситаи мессенҷерҳои шабакаҳои  иҷтимоии “Вотсап”-у “Фейсбук” ва  “Телеграм” аст. Вақте ба сомонаи қаллобон ворид мешавед ё ягон маълумоти худро  ҷой мекунед, ин аллакай асос мешавад, ки ҳамон қаллобон ба мессенҷери шумо дароянду аз номи дӯстонатон паёмак фиристанд. Бинобар ин, ҳамеша бояд ҳушёр бошед ва ба ҳар гуна пайвандҳои нозарур ворид нашавед.

Дар роликҳои фейкии дигар, ки дар “Фейсбук” зиёдтар паҳн мешаванд, баъзан рақами корт ва телефон талаб мекунанд. Оё рақами корти бонкии худро ба шахси дигар додан дуруст аст? То куҷо ин барои бехатарӣ, ҳифзи маълумот муҳим аст?

— Пеш аз ҳама, бояд донед, ки бо кӣ суҳбат доред ва ба чӣ хотир ба шумо маблағ равон мекунад. Вақте ҳамсуҳбати шумо маълумоти кортатонро мепурсад, рақами кортро равон кардан мумкин аст, аммо вақте мепурсад, ки муҳлати истифодаи корт кай анҷом меёбад, шубҳаовар аст. Аз ҳама муҳим, вақте пушти кортро мегардонед, се рақам код дорад, ҳамон кодро набояд ба ягон шахси бегона диҳед. Ин рамзро, агар дар бонк бошед, фақат ба корманди бонк гуфта метавонед. Ба шахсоне, ки ба воситаи мессенҷер, ба воситаи телефон аз шумо дархости рамз мекунанд, онро набояд диҳед. Чунки дар ҳолати рамзро додан, аз суратҳисоби шумо ҳамаи маблағҳоятонро медузданд.

— Яке аз амалҳои дигари қаллобонро фишинг мегӯянд. Ҳамчун мутахассиси соҳа бигӯед, ки худи фишинг чӣ аст ва то куҷо аз он худро метавон муҳофизат кард?

— Фишинг — ин як термини интернетӣ аст, ки асосан ба қаллобон рабт дода мешавад. Вақте ба почта ва ё рақамҳои шумо паёмакҳо равон менамоянд, ки имрӯз тахфиф рафта истодааст, ба ҳамин ссилка дароеду тахфифи худро гиред, чун ба ҳамон ссилка ворид мешавед, шуморо ба сомонаи қаллобон мебарад. Дар ин ҳол шумо аллакай дар доми қаллобон афтодаед. Вақте шумо онҷо маълумоти корту телефонатонро ворид мекунед, мақсади фишинг ҷамъоварии маълумоти одамонест, ки ба доми фиреби онҳо меафтанд.

— Дар сурати ба доми чунин қаллобон афтодан, масалан ҳангоми аз суратҳисоб ё тавассути ҳамёнҳои мобилӣ дуздидани маблағ аз тарафи қаллобон, чӣ бояд кард? Оё имкони баргардонидани маблағ вуҷуд дорад? Дар сурати ба доми чунин қаллобон афтодан ба куҷо бояд муроҷиат кард?

— Вақте қаллобон маълумоти шуморо ба даст меоранд, аввал мехоҳанд, ки як сомонӣ пардохт намоед, мо бубинем корти шумо кор мекунад ё не? Вақте шумо як сомониро гузаронидед, онҳо метавонанд аллакай аз суратҳисоби шумо зиёдтар маблағ гиранд ва дар ҳамин ҳолат, вақте паёмак меояд, ба он аҳамият диҳед, ки аллакай чӣ қадар маблағро гирифтаанд. Дар сурате, ки аз маблағи нишондодаи шумо зиёдтар мегиранд, ба бонк муроҷиат намоед ва фаҳмед, ки ҳамин барнома асос дорад ё не?

Вақтҳои охир дар ҳамёнҳои мобилии бонкҳо функсияҳое ҳаст, ки шумо метавонед корти худро масдуд кунед ё блок монед, ки қаллобон аз суратҳисоби шумо маблағ ҷудо карда натавонанд.

Тавсияи шумо ҳамчун мутахассис чист?

— Шумо бояд дар компютеру телефони худ барномаи антивирус дошта бошед. Ҳоло ширкатҳое, ки антивирус месозанд, барои пешгирии амалҳои қаллобон миллионҳо сарф менамоянд. Бартарии антивирус дар он аст, ки вақте саҳифаи маблағгузории ширкатҳои қаллобон медароед, аллакай то куҷо боэътимод буданшаонро ташхис карда метавонад.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳангоми истифода бурдани телефону ноутбук ва компютерҳо бояд антивирусҳоро истифода намоем.

Мусоҳиб:

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *