Бемориҳои мардона. Табобати осону арзони он аз забони табиб Насриддиншоев

Ман марди 45-сола ҳастам ва зиёда аз 20 сол боз ронандагӣ мекунам. Азбаски ронандаи автобус ҳастам, субҳи солеҳон бонги хурӯс набаромада ба кор меравам ва нимашаб хаставу лакот ба хона меоям. Рӯзи дароз нишастан ба саломатиам бетаъсир намонда, ба бемории ҷонкоҳи простатит гирифтор шудаам. Оё роҳҳои табобати халқии простатит мавҷуд аст?

МУРОДҶОН, шаҳри Душанбе

Ба ин саволи шумо табиби мардумӣ Садриддиншо Насриддиншоев посух мегӯяд:

— Маъмулан ба бемориҳои ғадуди таносулӣ мардони аз 50-60-сола боло гирифтор мешаванд, вале баъзан ҷавонмардон низ аз бепарвоӣ нисбат ба саломатии худ ба ин касалӣ мубтало мешаванд. Простатит бемории ҷиддӣ буда, дар сурати табобат накардан касро ба дигар касалиҳо мубтало гардонида метавонад. Бинобар ин, мардонро лозим аст, ки бо мушоҳида намудани аввалин нишонаҳои простатит ҳатман ба табибони уролог ё андролог муроҷиат намоянд. Айни замон банда чанд давои санҷидашударо ба шумо пешниҳод месозам, вале бори дигар таъкид мекунам, ки ҳатман як маротиба ба духтури уролог ё андролог муроҷиат намуда, аз ташис гузаред.

1. Хонае нест, ки дар он пиёз ёфт нашавад. Ҳамагон онро барои пухтани ғизо истифода мебаранд, вале кам касон аз хусусиятҳои табобатии пиёз огоҳӣ доранд. Пиёз ба чандин дардҳо, аз ҷумла ба бемориҳои мардона низ давост. Шуморо лозим аст, ки ҳамагӣ 50 грамм пӯсти пиёзи бехиро дар 700 грамм об муддати 4-5 дақиқа ҷӯшонида, баъд оташро хомӯш намоед. Як соат пас оби пиёзро аз дока полонед ва 1-пиёлагӣ пеш аз хӯрок ва баъди хӯрок истеъмол кардан гиред. Ин амалро чанд рӯз такрор кунед, натиҷаашро мебинед.

2. Барои табобати простатит аз растаниҳои шифобахш низ даво тайёр кардан мумкин аст. Миқдори баробари гиёҳҳои раҳдавак, газанда, ҷаъфарӣ (петрушка), барги марминҷон, думи гов ва гули гандумро гирифта, бо ҳам омехта созед. Ҳар рӯз 2 қошуқ аз ин гиёҳҳои омехтаро дар чойник андозед ва аз болояш тахминан 400 грамм оби ҷӯшидагӣ рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед. Ҳудуди 1 соат пас бояд гиёҳобро аз дока полонед. Рӯзе 4 маротиба нимистаконӣ пеш аз хӯрок аз ин даво нӯшидан гиред, ба зудӣ аз ранҷу азоби простатит раҳоӣ меёбед.

3. Акнун ба шумо як давои ширин ва хушмаззаро тавсия медиҳам, ки ҳам аз хӯрданаш лаззат мебаред ва ҳам шифо меёбед. Ин давои беназир анҷир мебошад. Ҳар бегоҳ 3-4 дона анҷири хушкро дар оби ҷӯш тар кунед ва субҳгоҳон аввал анҷирро хӯрда, баъд обашро нӯшед.  

Таъкид:

Ногуфта намонад, ки гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд. Як нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки аксари беморон як одати бад доранд, ҳамин ки ҳолашон камтар беҳтар шуд, табобатро қатъ мекунанд. Албатта ин хатои бузург аст, барои он ки ба пуррагӣ аз ранҷи беморӣ халос шавед, табобатро то ба пуррагӣ шифо ёфтан идома додан лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *