Имзои 20 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Дар доираи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон миёни ду кишвар 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, имзои ин санадҳо дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Тоқаев сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, санадҳои нав миёни ду кишвар масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла омода намудани кадрҳо барои Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика, созишномаи дуҷониба оид ба истихроҷи маъдан ва металлургӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва рушди тиҷорати электрониро фаро мегиранд.

Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо то соли 2030, созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти воридоти маҳсулоти нафтӣ миёни ду кишвар аз санадҳои дигарест, ки ба имзо расидаанд.

Дар доираи ин сафар форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор гардида, миёни доираҳои соҳибкорӣ 25 санад ба маблағи умуми 2,5 миллиард доллар ба имзо расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *