Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Урдун дар Қазоқистон
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябр дар ҳошияи нишасти «Раванди Ақаба» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн, Подшоҳи Урдун мулоқот кард.
Дар ин дидор масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Урдун баррасӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Урдунро яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом номид.
Тибқи иттилои расмии ҷониби Тоҷикистон, дар маркази суҳбат масъалаҳои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ қарор доштанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зарурати тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолсозии машваратҳои сиёсӣ ва кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро таъкид карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар самти истифодаи босамару бехатари зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ низ баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Урдун даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ