Нозим Меликов – коргардоне, ки театри тоҷикро то Амрико муаррифӣ кард (видео)
Имрӯз, 5-уми ноябр коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Нозим Меликов ба синни 60 расид. Ӯ аз чеҳраҳои маъруфи театри муосири тоҷик ва идомадиҳандагони мактаби ҳунарии Фаррухи Қосим ба шумор меравад.
Нозим Меликов 5-уми ноябри соли 1966 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, фаъолияти ҳунарии худро дар саҳнаи театр оғоз кард.
Ӯ солҳои зиёд дар театри «Аҳорун» фаъолият намуда, аз мактаби эҷодии коргардони бузург Фаррухи Қосим сабақ гирифтааст. Аз соли 2003 фаъолияти худро дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома медиҳад.
Нозим Меликов бо таҳияи намоишномаҳои «Шабе дур аз Ватан», «Заҳҳок», «Иштибоҳ», «Дирафши ковиёнӣ» ва «Достони Пирсар» дар рушди театри тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» бар пояи ашъори Бозор Собир таҳия шудааст. Соли 2015 барои намоишномаи «Иштибоҳ» дар ҷашнвораи байналмилалии «АРТ-ОРДО» дар Бишкек ҷоизаи беҳтарин кори коргардониро ба даст овард.
Соли 2020 намоишномаи «Дирафши ковиёнӣ» дар як ҷашнвораи байналмилалии театрӣ дар Амрико ба таври онлайн муаррифӣ гардид. Ин рӯйдод аз дастовардҳои муҳими фаъолияти эҷодии ӯ ба шумор меравад.
Нозим Меликов дар синамо низ ҳунарнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, дар филмҳои «Шукрона», «Афғон» ва «12 соли интизорӣ» нақш офаридааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ