Рустами Эмомалӣ бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардид

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон,  раиси шаҳри Душанбе ва Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намудаанд.

Мулоқоти онҳо нимаи дуюми рӯзи 4-уми ноябр, дар доираи сафари расмии шаҳрдори Душанбе ба Ӯзбекистон, сурат гирифтааст.

Ба иттилои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ин мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

“Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад”,- навиштааст манбаъ.

Пас аз мулоқот Шавкат Мирзиёев, барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *