Ваъдаи Мирзиёев ба табибоне, ки аз хориҷа ба Ӯзбекистон бармегарданд

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, барои бозгашти пизишкони ӯзбек аз хориҷа ба зодгоҳашон шароити беҳтар ваъда дод.

Ӯ 27-уми октябр дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ гуфт, ки барои онҳо на танҳо ҷойи кору маош, балки ҳар моҳ то 4 ҳазор доллар иловапулӣ дода мешавад.

Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон навишт, ки ба ҷуз ин, ба онҳо имкон дода хоҳад шуд, ки дастаи мутахассисони худро мустақилона интихоб кунанд.

Мирзиёев ба пизишкони дохили ҷумҳурӣ низ баъзе сабукиҳо ва имтиёзҳо эълон кардааст.

«Ман фақат мехоҳам, ҳар корманди соҳаи тиб аз худ бипурсад, ки имрӯз барои беҳтар шудани саломатии мардум чӣ кор кард? Агар мо ҳар рӯз ба ин суол ҷавоб ёбем, ин ба дигаргунии калоне ҳам дар низоми тандурустӣ ва ҳам дар вазъи саломатии мардуми мо оварда мерасонад», – гуфтааст раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Қаблан дар Ӯзбекистон, чун дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, падидаи «фирори мағзҳо» зиёд буд.

Донишмандону муҳандисон, табибон, омӯзгорон ва барномасозон бо сабаби даромади каму таварруми баланд дар Ӯзбекистон ба Русия, Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кӯчидаанд.

Шавкат Мирзиёев баъди ба қудрат расидан ҳамватанони соҳибихтисосашро, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, ба бозгашт ба Ӯзбекистон даъват кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *