Абераи Аҳмади Дониш меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуд

Доктор Одил Дониш, абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, ки бо даъвати Президенти кишвар дар Душанбе қарор дорад, рӯзи 4-уми ноябр меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj шуд.

Ӯ дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj гуфт, ки дар Тоҷикистон се чиз ӯро ба ҳайрат овардааст.

Ба қавли доктор Одил Дониш, НБО – и “Роғун”, зебоиҳои шаҳри Душанбе ва Театри миллии Тоҷикистон ӯро бештар дар ҳайрат гузоштааст.

Одил Дониш атрофи масъалаҳои гуногун, аз ҷумла дар бораи бардошташ аз сафар ба Душанбе, дар бораи хонаводаашон, бобокалонаш Аҳмади Дониш ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон суҳбат кард.

Ҷузъиёти мусоҳиба бо Одил Дониш дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj нашр хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *