Леонид Якубович ба Душанбе омад  

Леонид Якубович, ровии маъруфи телевизиони Русия ва ҳунарпешаи халқии ин кишвар ба шаҳри Душанбе омад.

Ширкати TAS International Group дар саҳифаи фейсбкияш хабар додааст, ки Леонид Якубович 5-уми  ноябр ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар чорабинии  «Шоми пирӯзиҳои бузург», ки бо ташаббуси ин ширкат дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

Дар наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ низ истиқбол аз сафари ӯ ба Тоҷикистон дида мешавад.

Леонид Якубович яке аз чеҳраҳои шинохтаи телевизиони Русия буда, бештар бо ровигии барномаи машҳури «Поле чудес» маъруф аст. Ӯ аз соли 1991 инҷониб бо ин барнома шуҳрат пайдо карда, миёни миллионҳо бинанда маҳбубият дорад.

Дар Тоҷикистон ҳам мухлисони зиёде дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии «Шоми пирӯзиҳои бузург» дар назар аст, дигар ҳунармандони маъруф ва чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла Майк Тайсон, муштзани машҳури амрикоӣ низ иштирок кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *