Пирӯзии демократҳо дар интихоботи миёнадаврии Амрико
Демократҳо дар интихоботи миёндавраии Амрико пирӯз шудаанд. Дар ин бора расонаҳои байналмилалӣ хабар дода, навиштаанд, ки пирӯзии Ҳизби демократ метавонад тавозуни қудратро дар Конгресси ин кишвар тағйир дода, имкониятҳои ин ҳизбро барои назорат ба фаъолияти ҳукумат ва таъсир расондан ба қонунгузорӣ бештар кунад.
Ба навиштаи расонаҳо, нн таҳаввулот ҳамчунин метавонад ба сиёсати хориҷии Вашингтон дар баробари Русия, Украина ва Эрон таъсир расонад.
Интихоботи миёндавраии Амрико, ки 3-юми ноябр баргузор шуда, дар он Ҳизби ҷумҳурихоҳ шикат хурдааст. Шумориши овозҳо ҳанӯз ҷараён дорад ва натиҷаи ниҳоии ҳамаи ҳавзаҳо феълан маълум нест.
Тибқи пешгӯиҳои чанд расонаи маъруфи амрикоӣ, мавҷи пирӯзиҳои демократҳо дар интихоботи 3-юми ноябр дар саросари кишвар имкон медиҳад, ки онҳо назорати ҳар ду палатаи Конгресс- Сенат ва Маҷлиси намояндагонро аз дасти ҷумҳурихоҳони таҳти роҳбарии президент Доналд Трамп бигиранд.
Ба иттилои рӯзномаи «The New York Times», Доналд Трамп изҳор доштааст, ки омода аст натиҷаҳои интихоботро бипазирад ва бо демократҳо ҳамкорӣ кунад.
«Мо бо демократҳо ҳамкорӣ хоҳем кард ва умедворем, ки ин ҳамкорӣ натиҷа медиҳад. Эҳтимол, мо ба тавофуқе бирасем»,-гуфтааст Трамп.
Хабарҳо аз пирӯзии деморкартҳо дар ин интихобот дар ҳоле нашр мешаванд, ки Амрико ва Исроил ҳамоно бо Эрон дар ҳолати ҷанг қарор доранд, ҳамлаи низомии Русия ба Украина идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ