Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд

Анҷоми занг бе қатъи интернетӣ мобилӣ, шунидани ҳамсӯҳбат ба таври то ҳадди имкон возеҳ ва зудтар бо ӯ пайвастан — ҳамаи ин имкониятҳоро технологияи VoLTE (“овоз дар шабакаи LTE”) фароҳам меорад. Онро аллакай зиёда аз 700 ҳазор муштарии “МегаФон Тоҷикистон” истифода мебаранд. Боз наздики 800 ҳазор нафар дорои дигар смартфонҳое мебошанд, ки ин технологияро дастгирӣ мекунанд. Агар он ба таври автоматӣ фаъол нашавад, мизоҷони операторро кофист, ки VoLTE-ро мустақилона дар танзимоти дастгоҳи мобилии худ фаъол созанд ё барои кӯмак ба дилхоҳ идораи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” муроҷиат намоянд.

Ҳануз якчанд сол пеш зангҳо тариқи телефони мобилӣ ва истифодаи интернет маънои гузариш байни наслҳои гуногуни шабакаро доштанд. Агар муштарӣ ба рақами каси дигаре занг мезад, таҳвили маълумот ба таври автоматӣ қатъ мешуд, зеро смартфон ба шабакаи “овозӣ”-и 2G мегузашт. 

Дар соли 2022 МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар кишвар технологияи VoLTE-ро ба кор дароварда ин мушкилиро ҳал намуд. Акнун зангҳои овозӣ дар ҳамон шабакаи 4G сурат мегиранд, интернетро метавон бе таваққуфҳо истифода намуд – масалан бо хоҳиши шахси ҳамсӯҳбат почтаро санҷид ё ба паёмакҳои паёмрасон посух дод. Дар баробари ин, “овоз” трафики интернети муштариро сарф наменамояд. Бо ҷорӣ шудани VoLTE инчунин  вақти пайвастшавӣ низ кам карда шуд, акнун оғози сӯҳбатро метавон он қадар зиёд интизор нашуд. Садо нисбатан тоза ва возеҳ шудааст. 

Айни замон технология барои 1,5 миллион муштарии оператор дастрас аст ва ин шумора рӯ ба афзоиш аст: дар бозор смартфонҳо бо дастгирии функсияи VoLTE ҳарчи бештар пайдо шуда истодаанд. Дар қатори онҳо – намунаҳои муосири Apple, Samsung, Xiaomi ва дигар истеҳсолкунандагони ҷаҳонӣ.  

“Барои муштарии замонавӣ алоқа танҳо имкони занг задан нест; он қулайнокии истифодаи тамоми хизматрасониҳои рақамиро дар назар дорад. VoLTE хусусиятҳои гуногунро муттаҳид мекунад: садои босифат, пайвастшавии босуръат ва истифодаи самараноки интернети мобилӣ ҳангоми сӯҳбат. Дар дастгоҳҳои муосир функсияи VoLTE одатан ба таври автоматӣ фаъол мешавад. Агар ин тавр набошад, онро танҳо метавон дар танзимоти телефони худ фаъол намуда, ҳаррӯза ҳамаи бартариҳои технологияро ба кор бурд”, – мегӯяд Алиҷон Ғаниев, директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.   

Бо мақсади он, ки соҳибони смартфонҳо VoLTE-ро ҳатто дар минтақаҳои дурдасти кишвар истифода бурда тавонанд, МегаФон Тоҷикистон шабакаи 4G/LTE-ро дар саросари кишвар мунтазам васеъ менамояд. Дар баробари раванди ба кор даровардани пойгоҳҳои базавии 4G ширкат навсозии таъминоти барномавии IMS – платформаи технологиро, ки фаъолияти хизматрасониҳои овозии муосирро таъмин мекунад, идома дода истодааст. Ҳар ҷое, ки дастрасӣ ба алоқаи насли чорум вуҷуд дорад, муштариён метавонанд бе қатъи интернет зангҳоро анҷом диҳанд ва шахси дигарро ба таври возеҳ бишнаванд. Дар омади гап, чунин зангҳо аз пайвастагиҳои овозӣ дар паёмрасонҳо беҳтар ҳастанд: VoLTE мустақиман дар шабакаи оператор кор мекунад, ин маънои онро дорад, ки сифати пайвастшавӣ аз дастрасии серверҳои барномаҳои тарафи сеюм вобастагӣ надорад.

Афзалиятҳои технологияро истифода бурдан мехоҳед? Санҷед, ки оё дар смартфони шумо функсияи VoLTE мавҷуд аст. Агар ҳа – фаъолсозии онро фаромӯш накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *