Дуздии 500 сомонӣ аз қуттии садақаи масҷид

Як сокини 41-солаи шаҳри Конибодом бо гумони дуздии маблағ аз қуттии садақаи масҷиде дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои вазорат, гумонбар Умед Ҷӯраев шаби 8 сентябр, тахминан соати 03:00 ба масҷиде дар шаҳраки Ғафуров ворид шуда, қуттии садақаро гирифтааст. Тибқи маълумоти мақомот, ӯ аз дохили қуттӣ 500 сомонӣ маблағро тасарруф кардааст.

Нисбат ба гумонбар бо қисми 2-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Тибқи қонунгузорӣ, барои содир кардани чунин ҷиноят вобаста ба ҳолатҳои парванда аз ҷарима то маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *