Пасандоз бе маҳдудиятҳои сахт: вазъи амонатгузорӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои пасандози нави «Афзун»
Нигоҳ доштани маблағ дар хона одати маъмул аст, аммо аз нигоҳи идоракунии буҷети оилавӣ кайҳо боз судманд нест. Пули нақде, ки дар хона нигоҳ дошта мешавад, даромад намеорад ва бо гузашти замон қобилияти харидории худро аз даст медиҳад. Дар чунин шароит пасандози бонкӣ яке аз роҳҳои осонтарини ба кор андохтани маблағ ба шумор меравад, бахусус вақте ки механизми фоизи мураккаб истифода мешавад ва фоизҳо на танҳо ба маблағи аввалияи пасандоз, балки ба фоизҳои дар моҳҳои қаблӣ ҷамъшуда низ ҳисоб карда мешаванд.
Аммо амонатҳои анъанавӣ қариб ҳамеша як маҳдудият доранд: бонкҳо маъмулан мизоҷро дар назди ду интихоб қарор медиҳанд — ё меъёри баланди фоизӣ барои муҳлати тӯлонӣ, ки дар сурати пеш аз муҳлат гирифтани маблағ тамоми фоизҳои ҷамъшуда аз даст мераванд, ё дастрасии озод ба маблағ, вале бо меъёри ниҳоят пасти фоизӣ.
Вазъи пасандозҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи аҳолӣ ба пасандозҳои бонкӣ сол ба сол меафзояд. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯйи ҷамъбасти соли 2025 ҳаҷми умумии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар 12,1 дарсад афзоиш ёфтааст. Шаҳрвандон бештар ба абзорҳои молиявии боэътимоду фаҳмо бо пули миллӣ рӯ меоранд, аммо ба интихоби онҳо воқеъбинона муносибат мекунанд.
Барои як оилаи одӣ дар Душанбе, Хуҷанд ё Бохтар ҳангоми кушодани пасандоз се омил муҳим аст: суғурта шудани маблағ, шаффофияти шартҳо ва набудани маҳдудиятҳои пинҳонӣ, инчунин имкони истифодаи маблағ бидуни аз даст додани фоизҳои ҷамъшуда дар ҳолатҳои фавқулода, аз қабили беморӣ, зарурати таъмири манзил ё хароҷоти пешбининашудаи хонаводагӣ.
Нигоҳи нав ба пасандоз: «Афзун» чӣ гуна кор мекунад?
ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар посух ба ин ниёзи бозор пасандози нави муҳлатнокро бо пули миллӣ таҳти унвони «Афзун» пешниҳод кардааст. Ин пасандоз ба муҳлати 24 моҳ кушода мешавад ва барои кушодани он маблағи начандон калон – ҳамагӣ 100 сомонӣ кофист. Фарқи асосии ин маҳсулоти бонкӣ аз пешниҳодҳои маъмули бозор дар он аст, ки меъёри фоизии он бетағйир намемонад, балки ҳар се моҳ боло меравад.
Дар семоҳаи аввал (моҳҳои 1 – 3) фоизи пасандоз бо меъёри 10% солона ҳисоб карда мешавад. Аз моҳи 4-ум то 6-ум меъёр ба 11%, аз моҳи 7-ум то 9-ум ба 12% ва аз моҳи 10-ум то 12 – ум ба 14% мерасад. Дар соли дуюм даромаднокӣ боз ҳам бештар мегардад: дар моҳҳои 13 – 15 меъёр 15%, дар моҳҳои 16 – 18 – 16%, дар моҳҳои 19 – 21 -18% ва дар марҳилаи ниҳоӣ, яъне моҳҳои 22 – 24, меъёри фоизӣ ба ҳадди аксар – 20% солона мерасад. Ҳамзамон, ҳар як меъёр танҳо дар давраи муайяншуда амал мекунад ва фоизҳои давраҳои гузашта аз нав ҳисоб карда намешаванд.
Бартарии дигари муҳими ин пасандоз капитализатсияи ҳармоҳаи фоизҳо, яъне ба маблағи асосии пасандоз зам намудани фоизҳои ҷамъшуда мебошад. Фоизҳои дар давоми моҳ ҳисобшуда пас аз нигоҳ доштани андоз ба маблағи асосии пасандоз илова мегарданд ва дар моҳҳои баъдӣ фоизҳо аз рӯйи маблағи афзуда ҳисоб карда мешаванд.
Пур кардани пасандоз, қисман гирифтани маблағ ва пеш аз муҳлат бастани он: қоидаҳои равшан
Қоидаҳои идоракунии маблағ дар пасандози «Афзун» равшану фаҳмо муайян шудаанд. Дар давоми се моҳи аввал пасандозро метавон ба миқдори номаҳдуд пур кард, вале баъд аз анҷоми ин муҳлат қабули маблағҳои иловагӣ қатъ мегардад.
Агар қисме аз маблағ пеш аз анҷоми муҳлати дусола лозим шавад, бастани пурраи пасандоз шарт нест. Шурӯъ аз моҳи 7-ум имкони қисман гирифтани маблағ бо маҳдудиятҳои муайян фароҳам меояд. Дар моҳҳои 7–12 то 10%, дар моҳҳои 13–18 то 20% ва дар моҳҳои 19–24 то 30% аз маблағи пасандозро гирифтан мумкин аст. Бояд дар назар дошт, ки ин ҳаддҳо маблағҳои қаблан гирифташударо низ дар бар мегиранд ва дар асоси маҷмуи маблағи аввалияи пасандоз, маблағҳои иловагӣ ва фоизҳои капитализатсияшуда ҳисоб карда мешаванд. Дар шаш моҳи аввал қисман гирифтани маблағ пешбинӣ нашудааст.
Ҳатто агар зарурати пеш аз муҳлат пурра бастани пасандоз ба миён ояд, пасандозгузор фоизҳои дар моҳҳои гузаштаи пурраи ҳисоббаробаркунӣ ҷамъшударо аз даст намедиҳад: тамоми фоизҳои дар ин давра ҳисобшуда ва ба маблағи асосӣ иловагардида нигоҳ дошта мешаванд. Танҳо барои моҳи охирини нопурраи ҳисоббаробаркунӣ фоизҳо бо меъёри 2% солона, мувофиқи шумораи воқеии рӯзҳо, ҳисоб карда мешаванд.
Ҳаҷми умумии маблағҳои худии як пасандозгузор дар ҳамаи пасандозҳои амалкунандаи «Афзун» набояд аз 2 000 000 сомонӣ зиёд бошад. Пас аз анҷоми 24 моҳ муҳлати пасандоз ба таври худкор тамдид намешавад.
Ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?
Барои кушодани пасандози «Афзун» ва гирифтани машварати муфассал метавонед ба шуъбаҳои ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» муроҷиат намоед:
- ш. Душанбе: кӯчаи Пушкин, 20 (саридора) – тел.: +992 446 200 177;
- ш. Душанбе (н. Сино): чорроҳаи кӯчаҳои Низомии Ганҷавӣ ва С. Айнӣ – тел.: +992 446 257 903;
- вилояти Суғд, ш. Хуҷанд: кӯчаи Шарқ, 29А – тел.: +992 446 001 549;
- вилояти Хатлон, ш. Бохтар: кӯчаи Шариф Зубайдов, 2А – тел.: +992 446 005 563;
- вилояти Хатлон, н. Ёвон: ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи А. Ҷомӣ – тел.: +992 446 001 548;
- вилояти Хатлон, н. Фархор: шаҳраки Фархор, кӯчаи И. Сомонӣ – тел.: +992 446 001 563.
Ҳамчунин, метавонед тавассути рақами кӯтоҳи 177, почтаи электронии [email protected] ё сомонаи brt.tj бо бонк дар тамос шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ