Боздошти марде, ки худро корманди КДАМ муаррифӣ карда, аз сокинон пул талаб мекард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки худро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) муаррфӣ намуда, аз сокинон барои ҳалли мушкилашон пул талаб мекардааст.

Ба иттилои ВКД, Дилшод Устоев, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, бо гумони содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва азонихудкунии молу мулк дар ҷустуҷӯъ қарор дошт ва аз сӯи пулиси ноҳияи Синои Душанбе боздошт гардид.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)  бо нашри наворе гуфтааст, ин мард либосҳои низомӣ пушида, худро корманди мақомоти амниятӣ муаррфӣ мекардааст.

“Дилшод Устоев дар шаҳри Хуҷанд манзилеро иҷора гирифта, ҳамчун утоқи корӣ барои худ шароит фароҳам карда, бо пушидани либоси низомӣ ва бо худ гирифтани яроқи тапончаи газӣ ва бо роҳи сохтакорӣ таёр намудани шаҳодатномаи хизматчӣ худро ҳамчун корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  муаррфӣ мекардааст.  Бо истифода аз боварии сокинон, ки мушкили ҳуқуқии онҳоро ҳал мекунад, аз ҷабрдидаҳо маблағҳои гуногун талаб карда гирифтааст”,-гуфтааст манбаъ.

Ба иттилои ВКД, танҳо дар се ҳолати ҷинояти қаллобӣ, ки айни ҳол ошкор гардидааст, зарари расонида ӯ ба шаҳрвандон беш аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гумонбаршаванда Дилшод Устоев бар асоси маълумоти мақомот, қаблан се маротиба бо ҷурми қаллобӣ маҳкум ба зиндон шуда будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *