Иштироки Амонатбонк дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ (аксҳо)

23-юми ноябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор шуд.

 Дар он муовинони Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар ва донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок карданд.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар рафти ҳамоиш қайд гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисодиёти кишвар ва пешрафти низоми бонкӣ нақши муҳим доранд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки дониш, малака ва таҷрибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан омили муҳими рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зарурати иштироки фаъолонаи ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва саҳмгузорӣ дар ободониву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид карда шуд.

Дар доираи ҳамоиш ҳамчунин намоиши хизматрасонӣ ва маҳсулотҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ баргузор гардид.

Дар рафти намоиш ба меҳмонон ва ҳозирин оид ба маҳсулотҳои бонкӣ алалхусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл” инчунин кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ, имтиёзҳои Бонк ба донишҷӯён ва ғайра маълумот пешниҳод гардида, варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *