Нахустин парвози мунтазами «Шоҳин Эйрлайнз» дар хатсайри Душанбе -Хоруғ -Душанбе

Ширкати «Шоҳин Эйрлайнз» (Shohin Airlines)  имрӯз, 23-юми ноябр нахустин  парвози мунтазами мусофиркашонӣ дар хатсайри Душанбе -Хоруғ -Душанберо анҷом дод.

Дар ин бора аз маркази маълумотдиҳии ин ширкат ба Pressa.tj иттилоъ дода гуфтанд, арзиши чипта танҳо аз як самт 1000 сомониро ташкил медиҳад. Вақту замони парвозҳо ба вазъи боду ҳаво низ бастагӣ дошта, ҳамсуҳбати мо гуфт, дар ин самт бо  муштариён ҳамкорӣ мекунанд.

Парвозҳо дар хатсайри Душанбе -Хоруғ -Душанбе тавассути ҳавопаймои L410 NG, ки «Бадахшон»  номгузорӣ шудааст, амалӣ мегарданд. Ин ҳавопаймо 19 ҷойи нишаст доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *