Мунаққиде, ки аз гуфтани ҳақиқат намеҳаросид (видео)

23-юми ноябр зодрӯзи Соҳиб Табаров, адабиётшинос, мунаққид, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ аст.

Ӯ соли 1924 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омада, соли 2015 дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.

Бино ба тарҷумаи ҳолаш, Соҳиб Табаров зиндагии пурмашаққат, аз ҷумла даврони ятимиро паси сар кардааст.

Ӯ бо назари интиқодӣ, дониши фарох ва ҷасорати сухан дар адабиёти тоҷик мавқеи хос дошт. Ҳатто аз танқиди осори адибони бузург, аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода, худдорӣ намекард.

Аз ин донишманд беш аз ҳазор мақолаи илмӣ, нақди адабӣ ва рисола ба мерос мондааст.

Соҳиб Табаров дар тарбияи чандин насли адабиётшиносону мунаққидон саҳм гузоштааст.

Ӯ дар синни 90-солагӣ аз ҷаҳон гузашт, аммо мактаби илмӣ ва мероси гаронбаҳояш то имрӯз зиндаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *