Падари Раҳими Ғармӣ ба 30 оилаи ниёзманд хона тақдим кард
Соҳибкори тоҷик Муҳиб Бобоҷонов, падари соҳибкори шинохта Раҳим Бобоҷонов (Раҳими Ғармӣ), барои 30 оилаи ниёзманд дар водии Рашт манзилҳоии истиқоматӣ бунёд карда, онҳоро ройгон тақдим намудааст.
Ба иттилои мақомоти ноҳияи Рашт, аз ҷумлаи соҳибони нави хонаҳо ятимон, маъюбон ва дигар оилаҳои ниёзманд аз ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор мебошанд. Хонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар маросими супоридани калиди манзил муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иштирок карданд.
Ҳамзамон, дар маҳаллаи «35-солагии Истиқлолият» ду корхонаи саноатӣ — дӯзандагӣ ва ширинипазӣ ба фаъолият оғоз намудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин корхонаҳо беш аз 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Дар ин маҳалла ҳамчунин майдончаи варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ