Кристофер Ландау: Сафарам ба Тоҷикистон хотирмон хоҳад буд

Кристофер Ландау, муовини Котиби давлатии Амрико бо масъулини Вазорати тандурусти Тоҷикистон масъалаи татбиқи Ёддошти тафоҳуми панҷсола оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустиро баррасӣ карданд.

Ин чорабинӣ дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Кристофер Ландау зимни он бо имкониятҳои муосири ташхиси бемориҳо ва таҷҳизоти тиббӣ шинос гардида, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикон низ дидан кард.

Дар доираи чорабинӣ, аз ҷумла, имкониятҳои ташхиси бемории сил бо истифода аз дастгоҳҳои сайёри рентгенӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд.

Кристофер Ландау сафари худро ба Тоҷикистон ҷолибу хотирмон арзёбӣ намуда, аз меҳмоннавозии тоҷикон изҳори сипос кард.

“Албатта, ҳар сафар дар хотири инсон нақше мегузорад. Сафари имрӯзаи ман низ, бахусус ин чорабинӣ дар ёдам хоҳад монд. Ман ба ҳар яки шумо барои фароҳам овардани чунин имконияти беҳамто изҳори сипос мекунам. Имрӯз мо дар ин толори бузург шоҳиди меҳмоннавозии сатҳи баланди тоҷикона, мусиқӣ ва либосҳои зебои миллӣ ҳастем. Ин ҳама барои ман бисёр хотирмон аст”,-афзуд Кристофер Ландау.

Ёддошти тафоҳуми дуҷониба барои панҷ сол, 6-уми апрели имсол миёни Тоҷикистону Амрико ба имзо расида буд, ки ҳаҷми умумии маблағи он 78 миллион долларро ташкил медиҳад.

Тибқи ин ёддошт, Амрико то соли 2030 барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 38 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар навбати худ, Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки хароҷоти дохилиашро дар соҳаи тандурустӣ 40 миллион доллар афзоиш диҳад. Маблағи умумии 78 миллион доллар аз ҷумла барои мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории сил ва пешгирии бемориҳои сироятӣ равона хоҳад шуд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар чорабинӣ таъкид кард, ки Ёддошти тафоҳум барои таҳкими низоми миллии тандурустӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Ба гуфтаи ӯ, татбиқи ин санад метавонад ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, рушди иқтидори касбии мутахассисон мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки Кристофер Ландау дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот карда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ҳикматилло Сангинов
Насиба Мамадризова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *