Абдухолиқи Набавӣ: Дар замони Истиқлол бо ормони Шӯравӣ зистан маънӣ надорад! (бахши 2)
Дар бахши дуюми суҳбат бо адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Абдухолиқи Набавӣ аз вазъи нақди адабӣ, зарурати тарбияи мунаққидони ҷавон, навовариҳои Баҳманёру Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва масъулияти нависанда дар назди ҷомеа суҳбат кардем. Ҳамчунин, дар ин суҳбат аз нигоҳи нав ба таърихи Шӯравӣ, ҷойгоҳи истиқлоли давлатӣ, масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ ва пайванди забони тоҷикӣ бо мероси таърихии худ сухан меравад. Дар идомаи мусоҳиба ӯ аз таҷрибаи таҳқиқи рӯзномаи «Бухорои шариф», зарурати роҳнамоии илмӣ ва сарнавишти шахсии худ дар остонаи 80-солагӣ ёдовар шуд.
– Шумо худро шогирди мактаби илмии Шакурӣ медонед. Агар аз таҷрибаи худ ва таълимоти устод бароем, мунаққиди асил бояд ба асари бадеӣ чӣ гуна муносибат кунад? Меъёрҳои асосии нақди илмӣ кадомҳоянд?
– Асари бадеиро ҳамин тавр гирифта, бе омодагӣ нақд кардан мумкин нест. Пеш аз он ки ба таҳлили асар шурӯъ кунед, бояд омодагии ҷиддӣ бинед. Таърихи адабиётро то андозае тасаввур карда тавонед, давру замони пайдоиши асарро бидонед ва аз эҷодиёти худи нависанда огоҳ бошед. Зиёда аз ин, бояд бидонед, ки бо кадом равиш ва усули нақд ба асар муносибат мекунед. Истилоҳи нақд мафҳуми бисёр васеъ дорад. Нақди равонӣ ҳаст, нақди иҷтимоӣ ҳаст, матншиносӣ, сохторгароӣ ва равишҳои дигари таҳлили адабӣ ҳастанд. Инҳо навъҳои нақд ҳастанд ва ҳар кадоме хусусият ва вазифаи худро доранд. Аммо вақте аз нақди амалӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, бояд асарро дар ҷараёни таърихи адабиёт ва дар пайванд бо давру замони худ бубинем. Баъд муайян кунем, ки ин чӣ гуна асар аст. Чӣ чизи нав дорад? Дастоварди нависанда дар чӣ зоҳир мешавад? Оё арзиши шоистаи ҳунарӣ дорад ё на? Камбудҳои асар кадомҳоянд? Барои бартараф кардани онҳо чӣ бояд кард? Агар мунаққид ба ҳамин саволҳо посухи асоснок дода тавонад, ба фикрам, ин мешавад нақди асил.
– Ба назари Шумо, эҳёи чунин нақди касбӣ ва тарбияи мунаққидони ҷавон вазифаи кист?
– Пеш аз ҳама, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, институтҳои илмӣ, факута ва кафедраҳои адабиёти донишгоҳҳо бояд ба ин кор машғул шаванд. Албатта, ҳар кадоми ин ниҳодҳо вазифаҳои муайяни худро доранд. Масалан, вазифаи асосии институтҳои илмӣ таҳқиқ аст, донишгоҳҳо бештар ба таълим машғуланд, Иттифоқи нависандагон ҳам масъулият ва вазифаҳои худро дорад. Вале масъала ҳамин аст, ки нақди амалӣ на ҳамеша вазифаи мушаххаси касе ҳисоб мешавад. Яъне, ҳар кас кори худро мекунад, нақшаи илмӣ ё таълимии худро иҷро менамояд, аммо масъалаи баҳо додан ба асарҳои нави адабӣ дар канор мемонад. Ҳол он ки дар назди адабиёт мо ҳама бояд масъулият эҳсос кунем. Масалан, дар донишгоҳҳо шуъбаи нақд ташкил шавд ва ё ҳеч набошад ба донишҷӯён асарҳои навро диҳанд ва бигӯянд, ки онро бихон, таҳлил кун, дастоварду камбудиҳояшро муайян намо. Ҳамин тавр, тарбияи амалии мунаққидро ба роҳ мондан лозим. Агар нависанда аз нақд баҳои дуруст нагирад, на ҳамеша метавонад ҷойгоҳи худ ва арзиши воқеии асарашро бишносад.
Аммо боз таъкид мекунам, ки нақд айбҷӯӣ, сарзаниш ё калтаккӯбӣ нест. Нақд бояд аслу моҳияти асарро ошкор кунад, дастовард ва камбудиҳои онро нишон диҳад ва ба ин восита нависандаро раҳнамоӣ намояд. Яъне, вазифаи нақд кумак ба рушди адабиёт аст. Аслан андешаи интиқодӣ, яъне арзишдиҳанда ва муҳоким бояд ба кулл ҷомеа хос бошад…

Масъулияти мунаққид
– Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди адабиётшинос Абдуҷалили Амон нашр шуд, ки дар он масъалаи роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ ба миён гузошта шудааст. Он ҷо ба роҳбарияти Академияи миллии илмҳо муроҷиат шудааст, ки ду мактаби илмӣ ба вуҷуд ояд ва устод Абдунабӣ Сатторзода ҳамчун пажӯҳишгари адабиёти классикӣ ва Шумо ҳамчун муҳаққиқи адабиёти муосир ба он роҳбарӣ кунед. Шумо ба ин пешниҳод чӣ назар доред?
– Назари ман мусбат аст. Аммо на ба он хотир, ки дар он пешниҳод номи маро гирифтааст. Масъалаи асосӣ номи ман ё шахси дигар нест. Муҳим худи масъала аст. Ба назари ман, дар илми мо воқеан шахс ё ниҳоде лозим аст, ки ба қавли русҳо кори координатсия, яъне ҳамоҳангсозиро анҷом диҳад. Шахсе, ки вазъу ҳолати илмро донад, масъалаҳои муҳимро ташхис диҳад, муҳаққиқонро бишиносад, аз имкониятҳои онҳо огоҳ бошад, олимони ҷавонро тарбия кунад ва ба корҳои илмӣ самти дурустро муайян кунад.
Ин масъала ба рушди тамоми илми тоҷик дахл дорад. Ман дидам, ки баъзеҳо ба ин пешниҳод эрод гирифтаанд. Вале гап сари шахсиятҳо нест. Гап сари масъалаест, ки бояд ҳал шавад. Мо дар институт корҳои худро дорем. Нақшаҳои илмиро иҷро мекунем, мавзуъҳои муайянро таҳқиқ менамоем. Аммо роҳбарӣ ва роҳнамоии густурдаи ҷараёни илмӣ на ҳамеша вазифаи бевоситаи мо мебошад. Агар чунин масъулият ҳам бошад, шояд дар як сол барои як унвонҷӯ бештар аз сад соат ё ҳамин қадар вақт пешбинӣ шавад. Ин, албатта, кам аст. Раҳнамоии илмӣ фақат аз он иборат нест, ки ба як муҳаққиқ мавзуъ диҳед ё рисолаи ӯро хонеду роҳнамоӣ кунед. Бояд ҷараёни илмиро шиносед, масъалаҳои асосӣ ва ҳалталабро муайян кунед, муҳаққиқонро ба самтҳои муҳим раҳнамоӣ намоед.
Абдуҷалил аз таҷрибаи Эрону Олмон мисол овардааст. Ба назари ман, дуруст мегӯяд. Масалан, Алӣ Акбари Деҳхудоро гирем. Ӯ танҳо кор намекард. Андешаҳои нав ба миён мегузошт, роҳбарӣ мекард ва кори дигаронро низ ба як ҳадафи бузурги илмӣ муттаҳид ва равона менамуд. Натиҷаашро ҳама медонем. Мо ҳам ба чунин муносибат ниёз дорем. Муҳим нест, ки ин корро кӣ ба уҳда мегирад ва ё иҷро мекунад. Худ масъала муҳим аст.
– Яъне, шахсияте монанди академик Муҳаммад Осимӣ, ки на танҳо олим, балки ташкилкунанда ва раҳнамои корҳои бузурги илмӣ буд?
– Бале, намунаи беҳтарин устод Муҳаммад Осимӣ буданд.
Эшон андешаҳои нав пешниҳод мекарданд, ба корҳои илмӣ роҳбарӣ менамуданд ва муҳаққиқонро дар атрофи масъалаҳои муҳим муттаҳид месохтанд. Яъне, на танҳо ташкилотчӣ, балки раҳнамои фикрию маънавӣ буданд. Ба назари ман, имрӯз ҳам илм ба чунин шахсиятҳо ва чунин тарзи роҳбарӣ ниёз дорад. Хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ғамхориҳои зиёд зоҳир мешавад ва раҳбарию раҳнамсоии он низ ҳолор хуб ба роҳ монда шудааст.
– Агар ба нақди адабии имрӯз баргардем, ба назари Шумо, ҳоло кадом мунаққидон фаъоланд ва метавонанд дар рушди адабиёти муосир саҳм гузоранд?
– Мунаққидони хуб, албатта, ҳастанд. Масалан, Матлубаи Мирзоюнус, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Рустами Ваҳҳоб, Ҳафиз Раҳмон, Нуралии Нурзод, Муҳридин Сабурӣ ва дигарон, ки донишу таҷрибаи хуб доранд. Вале мунаққиди фаъол кам дорем.
Хусусияти нақди адабӣ ҳамин аст, ки бояд фаъол бошад. Мунаққид бояд ҷараёни адабиро пайваста ба мушоҳида бигирд, асарҳои навро бихонад ва дар бораи онҳо андешаашро бигӯяд. Масалан, дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ё маҷаллаи «Садои Шарқ» бояд дар ҳар шумора як ё ду нақд, тақриз ё китобиёт нашр шавад. Ин кор ба нависандагон ҳам кумак мекунад ва ба хонандагон ҳам. Аммо вазъ ҳоло баъкс аст. Баъзан мебинем, ки бисёр касоне дар бораи зарурати нақди адабӣ ҳарф мезананд, аммо худашон солҳои охир ҳатто як мақолаи ҷиддии адабиётшиносӣ ё интиқодӣ нанавиштаанд. Бо гуфтан кор пеш намеравад. Кор кардан лозим. Ман худам шояд дигар он қадар зӯру тавон надошта бошам, вале ин кор бояд идома ёбад.
Як мисол меорам. Агар нақд набошад, адабиёт ба боғи бепарастор монанд мешавад. Дар чунин боғ як шохаи дарахт ба як тараф меравад, шохаи дигар ба тарафи дигар. Як дарахт мева медиҳад, дигаре намедиҳад. Яке об мехӯрад, дигаре беоб мемонад. Боғбон бояд ин ҳолатро бубинад. Шохаҳои нолозимро бибурад, дарахтонро пайванд кунад, нигоҳубин намояд, то боғ ободу сермева шавад. Нақди адабӣ низ ҳамин вазифаро дорад. Мунаққид бояд дар рушди адабиёт саҳм гузорад, падидаҳои хубро дастгирӣ кунад, камбудиҳоро нишон диҳад ва ба пешрафти ҳунари суханварӣ ёрӣ расонад.
Нависанда ҳам бояд фаромӯш накунад, ки масъулияти бузург дорад. Ӯ беҳуда коғазро сиёҳ намекунад. Нависандаи имрӯз идомадиҳандаи кори Рӯдакӣ ва Айнист. Вай бояд барои ҷомеа сарват офарад — сарвати маънавӣ. Баъзан чунин муносибат пайдо шудааст, ки гӯё нависандагӣ танҳо як ҳавас бошад. Касе ҳавас мекунад, чизе менависад ва худро нависанда мешуморад. Ин чӣ маънӣ дорад?
Нависанда бояд барои миллат хидмат кунад. Сарвати маънавӣ ба вуҷуд оварад, масъалаҳои зиндагӣ ва ҷомеаро аз дигарон бештару беҳтар дарк намояд, инсони муосирро шиносад ва шиносонад, ба хонанда он чизе диҳад. Боз бояд фикр кунад, ки чӣ гуна дар ҷаҳони форсизабон мавқеъ пайдо кунад ва аз он ҷо ба адабиёти ҷаҳон роҳ ёбад. Ин масъулиятро ҳам нависанда бояд эҳсос кунад ва ҳам мунаққид.
Баҳманёр реализми ҷодуиро миллӣ кард, Сайф ба олами ботинии сурреолистӣ роҳ ёфт
– Устод, дар панҷоҳ соли охир адабиёти ҷаҳон таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронд. Равияҳои нав, аз ҷумла реализми ҷодуӣ, сюрреализм, модернизм, постмодернизм ва шаклҳои гуногуни таҷрибаҳои адабӣ густариш ёфтанд. Чаро адабиёти муосири тоҷик дар ин самт камтар таҷриба мекунад? Оё мо мунаққидоне дорем, ки моҳияти ин равияҳоро дарк карда, асарҳои дар чунин сабкҳо эҷодшударо таҳлил ва арзёбӣ карда тавонанд?
– Ман ҳанӯз соли 1987 мақолае бо номи «Умеду ояндаи наср» навишта будам. Дар он мақола дар бораи эҷодиёти Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, Муаззама ва Муҳамадзамон ва дигр ҷавонон сухан мерафт. Ҳамон вақт таъкид карда будам, ки дар насри мо падидаҳои тоза ба вуҷуд омада истодаанд. Ин нависандагон бо равияҳои нави адабӣ сарукор доранд ва барои дуруст шинохтани онҳо бояд ба моҳияти ин равияҳо сарфаҳм рафт.
Бартарии ин адибон дар он буд, ки танҳо дар доираи адабиёти мавҷуда маҳдуд намонданд. Адабиёти ҷаҳонро омӯхтанд, аз таҷрибаи нависандагони дигар баҳра гирифтанд ва кӯшиш карданд, ки роҳҳои нави тасвири бадеиро пайдо кунанд. Вале як ҷиҳати дигар ҳам бисёр муҳим аст. Масалан, Баҳманёр ва Сайф Раҳимзод кӯшиш карданд, ки ин равияҳоро миллӣ ва маҳаллӣ кунанд. Яъне, шаклу усулҳои нави адабиёти ҷаҳонро ба муҳити зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги мардуми худ мутобиқ созанд.
Баҳманёр фолклор ва насри ривоятии моро бисёр хуб медонист. Афсонаҳо, ривоятҳо, тарзи тафаккур ва тасаввуроти мардумиро дарк мекард. Сайф бошад, олами ботинии инсонро хуб мешинохт. Ба равони инсон, ҳолатҳои ғайримаъмулӣ, эҳсосоти печида ва муносибати инсон бо воқеият таваҷҷуҳи махсус дошт. Инҳо адабиёти ҷаҳонро хонданд, омӯхтанд ва роҳи нави эҷодро пеш гирифтанд.
Дар осори Баҳманёр ҳаҷв ҳаст, шеърият ҳаст, воқеаву ҳодиса ҳаст, унсурҳои ҷодуӣ ва афсонавӣ ҳастанд. Вале ҳамаи ин унсурҳо танҳо барои ороиши матн истифода нашудаанд. Онҳо ба як низоми муайяни бадеӣ муттаҳид шудаанд ва сабки хоси ӯро ба вуҷуд овардаанд. Ба назари ман, сабки Баҳманёрро метавон ба реализми ҷодуӣ наздик донист. Сайф Раҳимзод бошад, ба равияи сюрреализм, яъне фаровоқеиятгароӣ, майл дошт. Ӯ мехост ба олами ботинии инсон ворид шавад ва он чизҳоеро тасвир кунад, ки дар зоҳири зиндагӣ ба осонӣ дида намешаванд. Муаззама дар тасвиргарӣ маҳорати хос дошт. Ӯ ҷузъиёти воқеиятро бисёр дақиқ, гӯё наққошона тасвир мекард. Муҳаммадзамони Солеҳ низ аз нависандагони соҳибистеъдод буд. Таърихро хуб медонист ва дар эҷоди образҳои таърихӣ маҳорати хос дошт. Масалан, образи Исмоили Сомониро тавре офаридааст, ки гӯё масъалаҳо ба ӯ ваҳй мешаванд, яъне ҳодисаи таърихӣ дар тасвири бадеӣ тобиши дигар пайдо мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин нависандагон аз воқеъгароӣ пурра дур шудаанд. Масалан, дар осори Муаззама ва Муҳаммадзамони Солеҳ заминаи реалистӣ бисёр қавӣ аст. Яъне, ҳар кадоме роҳи худро доштанд ва бояд ба асарҳои онҳо бо дарназардошти хусусиятҳои сабкиашон муносибат кард.
Мутаассифона, ин адибон умри кӯтоҳ диданд ва натавонистанд ҳамаи имкониятҳои эҷодии худро амалӣ намоянд. Имрӯз ҳам дар насри мо нависандагони хуб ҳастанд. Масалан, Юнус Юсуфӣ, Мирзонасриддин, Соҷидаи Мирзо, Шаҳзодаи Самарқандӣ, Сайидои Шараф ва чанд нафари дигар асарҳои хуб менависанд. Вазифаи мунаққидон аст, ки ин асарҳоро бихонанд, таҳлил кунанд ва ба онҳо баҳои воқеӣ диҳанд.
Барои мисол, «Оташ дар хонаи қадим»-ро гирем. Дар ин асар вусъати ҳамосавӣ ё эпизм вуҷуд дорад. Инқилоб, ҷанг, ормонҳо, сарнавишти инсонҳо ва ҳодисаҳои воқеии таърихӣ мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор гирифтаанд, тасвир вусъати замонию маконӣ ва равонӣ пайдо мекунад. Ё «Нони шарикӣ»-ро бигирем. Дар чунин асарҳо танҳо нақли воқеа муҳим нест. Муаллиф мехоҳад ба гузашта аз мавқеи имрӯза назар кунад ва дар бораи таҷрибаи таърихии ҷомеа андеша намояд.
Паёми асосӣ ин аст, ки мо нисбат ба гузашта носипос нестем. Вале оё метавон ҳамеша бо ҳамон ормонҳои пешина зиндагӣ кард? Оё он сохтор танҳо дастовард дошт ва ҳеҷ камбудӣ надошт? Албатта, камбудиҳо ҳам дошт. Мо бояд аз таърих сабақ гирем. Агар ҳамеша бо орзуву таманноҳои замони шӯравӣ зиндагӣ кунем, ба куҷо мерасем?
Бояд коре кунем, ки камбудиҳои гузашта дар ҷомеа такрор нашаванд. Ба назари ман, чунин масъалаҳо барои давраи истиқлоли мо бисёр муҳиманд. Адабиёт бояд таҷрибаи таърихиро таҳқиқи бадеӣ кунад, то инсон ва ҷомеа аз он сабақ гиранд.
– Вале ҷолиб аст, ки баъзе намояндагони насли Шумо “Нони шарикӣ”-ро интиқод карданд. Онҳое, ки то имрӯз ба ормонҳои замони шӯравӣ содиқ мондаанд. Шумо ба ин падида чӣ назар доред?
– Ба назари ман, ин кор маънӣ надорад. Мо нисбат ба гузашта носипос нестем. Замони шӯравӣ дар зиндагии мо як марҳалаи муҳим буд. Дар он давра корҳои хуб ҳам анҷом ёфтанд, илму маориф инкишоф ёфт, муассисаҳои фарҳангӣ ба вуҷуд омаданд ва мо худ дар ҳамон муҳит таҳсилу фаъолият кардем. Инро инкор кардан мумкин нест. Вале он давра бе камбудӣ ҳам набуд. Бо ормонҳои шӯравӣ зиндагӣ кардан ва ҳамеша барои бозгашт ба он давра ҳасрат хӯрдан, ба назари ман, як навъ инкори истиқлол аст. Истиқлол, бо тамоми дастовардҳо ва мушкилоте, ки дорад, бузургтарин сарвати таърихии миллати мо мебошад. Албатта, мо имрӯз ҳам камбудиҳо дорем. Мушкилиҳо зиёданд. Вале бояд дарк кунем, ки ин давраи ташаккули як миллати соҳибдавлат дар шароити нави таърихист. Дар чунин марҳала бе камбудӣ намешавад. Вазифаи мо ин аст, ки барои рушди давлат, пешрафти ҷомеа, ваҳдати мардум ва таҳкими истиқлол талош кунем, камбудиҳоро ислоҳ намоем ва дастовардҳоро ҳифз кунем. Замони шӯравӣ ҷиҳатҳои мусбат дошт, манфӣ ҳам дошт. Мо бояд ҳар дуро дар ҷойи худ бубинем. Вале муҳим ин аст, ки миллати мо ба марҳалаи нави худшиносӣ расид ва соҳиби давлати мустақил шуд.
Намешавад, ки дар давраи истиқлол зиндагӣ кунем, аз имкониятҳои он истифода барем ва ҳамзамон танҳо гузаштаро васф намоем. Ман баъзан мебинам, ки нафароне дар ҳамин давра кору фаъолият доранд, сарват ҷамъ кардаанд, соҳиби мақому мансаб шудаанд ё ном баровардаанд, вале боз барои замони шӯравӣ ҳасрат мехӯранд.
Ин як бемантиқист. Мо бояд дар бораи оянда фикр кунем.
Замони шӯравӣ як марҳалаи таърихӣ буд, ки аз сар гузаронидем. Ҳоло марҳалаи дигар оғоз шудааст ва бояд ба талаботи ҳамин давра ҷавоб диҳем. Ҳатто дар байни мунаққидон нафароне ҳастанд, ки ҳанӯз бо рӯҳия ва меъёрҳои замони шӯравӣ мақола менависанд. Масалан, эрод мегиранд, ки чаро устод Айниро инқилобӣ нагуфтаӣ?
Ман мегӯям, ки Айнӣ ба он маъное, ки баъдтар мафкураи шӯравӣ аз ӯ сохта буд, инқилобии сирф набуд, вай рӯшакфикри ислоҳотхоҳ буд ва ҳамин тавр ҳамеша рӯшангари афкори миллат, яъне падари миллат монд. Асли масъала ин аст, ки Айнӣ мехост миллатро бедор кунад, барои худшиносии он замина фароҳам оварад ва дар ташаккули миллати нави тоҷик саҳм гузорад. Мо бояд ҳамин ҷиҳати фаъолияти ӯро дуруст дарк кунем. Яъне, ба таърих аз воқеъназарӣ кунем, на аз рӯйи қолабҳои мафкуравии гузашта баҳо дода бошем.

Забони тоҷикӣ бояд ба асли худ пайвандад
– Ҷолиб он аст, ки як давраи муайян маҳз ҳамин гуна шахсон масъулияти роҳбарии ниҳодҳои идеологӣ, илмӣ ва фарҳангиро ба уҳда доштанд. Дар масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ низ мухолифатҳои зиёде ба вуҷуд оварданд. Шумо ин баҳсҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Бале, ҳамин тавр буд. Масалан, баъзеҳо мегуфтанд, ки агар мо ба хатти форсӣ баргардем, мардум диндор мешаванд ва ҷомеа ба қафо меравад. Ман мепурсам, ки магар хатти кириллӣ пеши роҳи диндор шудани мардумро гирифт? Не, нагирифт. Пас маълум мешавад, ки сабаби диндорӣ ё гароиши мардум ба дину хат набудааст. Ин яке аз зиддунақизҳое буд, ки дар чунин баҳсҳои мо вуҷуд дорад.
Ё мегуфтанд, ки хатти форсӣ моро аз илму техника ва пешрафти замон дур мекунад, ба қафо мебарад. Ҳоло дунё боз шуд. Мо имкон пайдо кардем, ки бо Эрону Афғонистон ва кишварҳои дигар робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ дошта бошем. Дидем, ки бо хатти форсӣ дар соҳаҳои гуногуни илм асарҳо навишта шудаанд, китобҳои зиёде вуҷуд доранд ва ба воситаи ин хат ба мероси бузурги илмиву адабӣ дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст. Яъне, он иддао ҳам асоси худро аз даст дод. Боз як далел меоранд, ки ин хат арабӣ аст. Не, инро ҳам бояд дуруст фаҳмид. Хатти форсӣ арабиасос аст, вале дар тӯли таърих ба табати забони форсӣ мутобиқ шудааст ва хусусиятҳои худро пайдо кардааст. Забони форсӣ-тоҷикӣ дар тӯли асрҳо бо ҳамин хат рушд кардааст. Суннатҳои китобат, фарҳанги хаттӣ, тарзи ифодаи ва савтиёту сифати вожаҳо ва бисёр ҷиҳатҳои дигари забон бо ин хат пайванди таърихӣ доранд.
Ба назари ман, хатти форсӣ барои ифодаи бисёр хусусиятҳои таърихӣ ва овоии забони мо имкониятҳои муҳим фароҳам меоварад.
Масалан, мо дар забонамон масъалаи навъҳои гуногуни талаффузи садоноки «у»-ро дорем. Мо се “у “дорем. Вале дар имлои кириллӣ масъалаи як “ӯ”ро ҳал карда наметавонем. Ин нишон медиҳад, ки масъалаи хат танҳо иваз кардани чанд ҳарф нест. Он бо сохтори забон, фарҳанги китобат, таърихи вожаҳо ва меъёрҳои забони адабӣ робита дорад. Ба фикрам, дур шудани забони мо аз суннати хаттии пешина ба баъзе ҷиҳатҳои рушди он таъсир кардааст.
Мо бояд дар бораи солимии наҳви забон, тарзи баён, фарҳанги сухан ва пайванди забони имрӯза бо мероси адабии худ ҷиддӣ андеша кунем. Забонҳои форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ шаклҳои таърихиву минтақавии як забон мебошанд. Масалан, як нафар дар Шероз «каллаи субҳ» мегӯяд, дигаре дар Фалғар «каллаи саҳар». Ин иштироки андеша мӯъҷиза аст, натиҷаи як забони воҳид аст. Мо бояд ҳамин пайванди таърихӣ ва фарҳангиро дарк кунем. Ба назари ман, барои солим шудани забони тоҷикӣ зарур аст, ки ба хатти форсӣ оҳиста-оҳиста, марҳала ба марҳала рӯй оварем. Ман намегӯям, ки ин кор якбора ва бе омодагӣ анҷом дода шавад. Баръакс, бояд заминаи зарурии таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ фароҳам гардад. Муҳим он аст, ки забони мо аз мероси таърихии худ дур намонад ва дар қолаби табиии хеш инкишоф ёбад.
Муҳаққиқи таърихи матбуот нестам…
– Устод, Шумо асосан ҳамчун адабиётшинос ва мунаққиди насри муосир шинохта мешавед. Вале дар як марҳала ба омӯзиши таърихи матбуоти тоҷик, махсусан рӯзномаи «Бухорои шариф» ва нашрияҳои оғози асри ХХ рӯ овардед. Чӣ сабаб шуд, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳ пайдо кардед?
– Ман аслан аз оғоз ният надоштам, ки мустақилона ба таҳқиқи таърихи матбуот машғул шавам. Ин кор дар ҷараёни омӯзиши таърихи нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик ба вуҷуд омад.
Барои таҳқиқи таърихи нақд маводи зиёдеро ҷустуҷӯ мекардам. Мехостам бидонам, ки андешаҳои интиқодӣ ва адабиётшиносӣ дар оғози асри ХХ чӣ гуна ташаккул ёфтаанд, дар кадом нашрияҳо чоп шудаанд ва ба рушди тафаккури адабӣ чӣ таъсир гузоштаанд.
Аз ҳамин сабаб маҷбур мешудам, ки матбуоти он давраро варақ занам. Ба Тошканд рафтам, дар китобхонаҳо кор кардам ва бастаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ибтдои аси ХХ-ро мутолиа намудам.
Аз ҷумла, «Бухорои шариф», “Самарқанд”, «Оина», «Шуълаи инқилоб» ва дигар нашрияҳоро варақ задам. Ҳар чизеро, ки барои таҳқиқ муҳим менамуд, қайд мекардам. Ҳатто маводи тоҷикии маҷаллаи «Оина»-ро пурра ба хатти кириллӣ баргардонд, муҳтавои маводи туркии онро низ фаро гирифтаам.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни ҷамъоварии мавод дар бораи таърихи нақду адабиётшиносӣ худ ба худ маводи фаровоне оид ба таърихи матбуот ҳам ҷамъ шуд. Баъд дидам, ки ин мавод танҳо барои таҳқиқи нақди адабӣ нест, балки барои омӯзиши таърихи матбуоти тоҷик низ аҳаммият дорад. Аввал як китобчаи хурд омода кардам. Баъдан маводи нав пайдо шуд, таҳқиқотро васеъ кардам ва китоб ба шакли мукаммалтар ба нашр расид. Албатта, ман дар ин масъала ягон даъвои махсус надорам.
– Устод, банда ҳамчун рӯзноманигор ва нафаре, ки ба таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷик низ машғулам, мехоҳам як нуктаро таъкид кунам. Ба назари ман, китоби Шумо «“Бухорои шариф” – сароғози матбуоти миллӣ» то имрӯз яке аз фарогиртарин таҳқиқот дар бораи ин рӯзномаи таърихӣ мебошад.
– Ташаккур. Дигарон ҳам чунин мегӯянд. Ман гуфтам-ку, дар ин масъала ягон даъво надорам. Ҳангоми таҳқиқ дар ихтиёри ман ҳамаи шумораҳои «Бухорои шариф» набуданд. Имӯз се варианти электронии рӯзномаро дар китобхонаи Навоӣ, арки Бухоро ва Тошканд дар даст дорам ва як варианташро ба Китобхонаи милӣ ҳам супурда будам. Бо ҳамон маводе, ки дастрас буд, кор кардам. Албатта, кӯшиш кардам, ки таърихи пайдоиш, муҳити сиёсиву иҷтимоӣ, хусусиятҳои мундариҷа ва ҷойгоҳи ин рӯзномаро дар оғох ва ташаккули матбуоти миллии тоҷик нишон диҳам.
Вале таҳқиқоти илмӣ ҳеҷ гоҳ бо як китоб ба анҷом намерасад. Ҳоло хушбахтона ҳамаи шумораҳои рӯзнома дастрас шудаанд. Ин имконияти бисёр муҳим аст. Ба назари ман, маводи «Бухорои шариф» танҳо барои як ё ду таҳқиқот не, балки барои даҳҳо рисолаи илмӣ асос шуда метавонад. Дар он ҷо масъалаҳои забон, адабиёт, маориф, сиёсат, иқтисод, фарҳанг, муносибатҳои иҷтимоӣ, худогоҳиву худшинохтагӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагии ҷомеаи он даврон инъикос шудаанд. Ҳар кадоми ин масъалаҳо метавонад мавзуи як таҳқиқоти ҷиддӣ бошад.
Аз сарнавишти худ норозӣ нестам
– Устод, дар поёни суҳбат мехоҳам ба саволи аввал баргардем. Дар остонаи 80-солагӣ, вақте ба ҳамаи ин роҳи тайкарда менигаред, аз сарнавишти хеш розӣ ҳастед?
– Чаро розӣ набошам? Албатта, сарнавишт танҳо дар дасти мо нест. Вале аз тарафи дигар, то андозае дар дасти худи мо ҳам ҳаст. Инсон дар зиндагӣ роҳеро интихоб мекунад, заҳмат мекашад, меомӯзад ва кӯшиш мекунад, ки ба чизе бирасад. Мо ҳам як бачаи кӯҳистонӣ будем. Аз деҳаи худ баромадем, таҳсил кардем, ба кор машғул шудем, хонаву дар пайдо кардем, соҳиби фарзанду набера ва абераҳо шудем. Як-ду чиз ҳам навиштем. Ҳамин будагист зиндагӣ. Ман дар бораи арзиши асарҳои худ чизе намегӯям. Ба онҳо дигарон бояд баҳо диҳанд.
Вале аз зиндагии хеш норозӣ нестам.
Мусоҳиб Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ