ВКД навори насби “мигалка” ва “изҳори муҳаббат”-ро шарҳ дод

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш  шудааст, ки дар он гурӯҳе аз наврасону ҷавонон ба  мошини «Опел-Астра» чароғаки махсуси хизматӣ, ба истилоҳ   «мигалка», насб карда, ҳамчунин сӯзишвориро дар замин оташ мезананд.

Дар пайи нашри ин навор, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милитсия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо гузаронидани санҷиш, иштирокчиёни ҳодисаро муайян кардаанд.

Ба иттилои ВКД, маълум шудааст, 17-уми ноябр ноболиғ Шарипов А. бо як ҳамсолаш ва Раҳмоналӣ Шарифхоҷаеви 25 сола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чароғаки махсуси автомашинаҳои хизматии милитсияро ба мошини охирин насб карда, сипас  ин амалро ҳамчун рамзи изҳори муҳаббат ба навор гирифта, дар “Instagram” нашр намудаанд. Мақомот ин амали онҳоро худнамоӣ арзёбӣ кардааст. Аммо назари наздикони ҷавонон ба ин хабари мақомот маълум нест.

Дар робита ба ин, нисбати  Рахмоналӣ Шарифхоҷаев бо қарори додгоҳ 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардида,  нисбати волидайни ноболиғон санад тартид дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *