18 парвандаи ҷиноӣ. Дар Хатлон садҳо дарахтро буридаанд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон буридани садҳо дарахти сояафкану мевадиҳандаро ошкор намудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Ҷалолуддин Балхӣ ва Ҷайҳун 270 ҳолати буридани дарахту буттаҳоро ошкор кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, аз 620 дарахте, ки сокинон буридаанд, 456 тояш дарахти навъҳои сояафкан ва 164 тои дигар мевадиҳанда будааст. Вобаста ба ин нисбати шаҳрвандон 18 парвандаи ҷиноятӣ ва 228 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз намудаанд.
Назари афроде, ки нисбаташон парванда боз шудааст ба хабари мақомот маълум нест ва ҳамчунин шарҳ дода нашудааст, ки онҳо кай ва бо чӣ сабаб даст ба чунин амал задаанд.
Раёсати ВКД дар Хатлон аз сокинон даъват намудааст, ки аз буридани дарахтон, ки амали ғайриқонунист, худдорӣ намуда, табиатро ҳифз намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ