Имтиёзи гумрукӣ. Сӯзишворӣ дар Тоҷикистон арзон мешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон боҷи воридоти як қисми маҳсулоти нафтиро то охири соли 2026 ба сифр баробар кард. Ин тасмим дар пайи болоравии нархи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ гирифта шуд.  Аммо ин дар ҳолест, ки аз моҳи май барои ҳар тонна маҳсулоти нафтии воридотӣ 30 евро пардохти экологӣ ҷорӣ шудааст. Азбаски қисми зиёди сӯзишворӣ ба кишвар аз Русияву Қазоқистон меояд, саволи асосӣ ин аст, ки  оё имтиёзи нави гумрукӣ воқеан ба коҳиши нархи сӯзишворӣ мусоидат мекунад?

Қарори ҳукумат

Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №744 аз 10 ноябри соли 2026 ба имзо расида, 13 ноябр расонаӣ шудааст. Тибқи он, нисбат ба молҳои таҳти рамзҳои молии 2710 ва 2711 таснифшаванда, ки аз кишварҳои узви Созишномаи минтақаи савдои озод ворид намешаванд, то 31 декабри соли 2026 меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ татбиқ мешавад.

Русия ва Қазоқистон аз таъминкунандагони асосии сӯзишвории Тоҷикистон ҳастанд ва узви Созишномаи минтақаи савдои озод мебошанд. Воридоти маҳсулоти дахлдор аз ин кишварҳо қаблан низ асосан бидуни боҷи гумрукӣ сурат мегирифт. Пас, таъсири қарори нав бештар ба воридот аз кишварҳое дахл дорад, ки узви ин созишнома нестанд. Аз ҷумла, Эрон, Туркманистон ва Озарбойҷон. Яъне, қарори нав имконияти воридоти маҳсулоти нафтиро аз бозорҳои алтернативӣ бо хароҷоти камтари гумрукӣ фароҳам мекунад.

Пардохти экологӣ – 30 евро барои як тонна сӯзишворӣ

Аммо дар баробари бекор шудани боҷи гумрукӣ, бояд як тағйироти дигари муҳими соли 2026 – ро низ ба назар гирифт. Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 майи соли 2026, барои воридоти маҳсулоти нафтӣ пардохти экологӣ ҷорӣ шудааст. Меъёри он барои ҳар тонна бензин, сӯзишвории дизелӣ ва маҳсулоти дахлдори нафтӣ 30 евро муайян шудааст. Ин маблағ як маротиба ҳангоми воридоти маҳсулот ситонида мешавад.

То ҷорӣ шудани ин пардохт, воридкунандагон барои ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро аксиз месупориданд. Бо илова шудани 30 евро пардохти экологӣ,  яъне ин ду пардохт ба 100 евро барои ҳар тонна баробар шуд.

Савол ба миён меояд, ки оё бекор шудани боҷ пардохти экологиро ҷуброн мекунад? Ин яке аз масъалаи калидӣ дар бозори сӯзишворӣ аст.

Ба назари таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, аз як тараф, ҳукумат боҷи гумрукиро барои воридоти маҳсулоти муайян аз кишварҳои ғайриузви минтақаи савдои озод бекор кардааст. Аз тарафи дигар, пардохти экологӣ ва аксиз боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, коҳиши воқеии хароҷоти воридкунандагон аз он вобаста аст, ки онҳо сӯзишвориро аз кадом кишвар мехаранд ва қаблан чӣ қадар боҷи гумрукӣ месупориданд. Барои воридкунандагоне, ки аз кишварҳои узви минтақаи савдои озод маҳсулот меоранд, қарори нав эҳтимол таъсири мустақими молиявии зиёд надорад.

Омори соли 2026 ва вобастагии зиёд

Дар шаш моҳи соли равон беш аз 927 ҳазор тонна сӯзишворӣ ба кишвар ворид шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз ин  72,3 дарсад аз Русия,  20,3 дарсад аз Қазоқистон таъмин шудааст. Яъне, беш аз 92 дарсади ҳаҷми воридоти зикршуда ба ин ду кишвар рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба Тоҷикистон 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 494,7 миллион доллар ворид шудааст. Нархи миёнаи воридотӣ барои ҳар тонна 825 долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 доллар ё 4,8 дарсад зиёд мебошад.

Аз рӯйи маълумоти гумрукӣ, дар сохтори воридоти маҳсулоти нафтӣ Русия бо 91,1 дарсад ҳиссаи асосиро дорад.

Назари коршинос ва пешгӯӣ дар соли 2027

Коршиноси масоили иқтисодӣ Аброр Мирсаидов бар ин назар аст, ки бекор шудани боҷи гумрукӣ барои воридоти сӯзишворӣ як навъ дастгирии давлат аз ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ва механизми танзими бозори сӯзишворӣ мебошад.

“Ин иқдом яке аз механизмҳои танзими бозори сӯзишворӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар як соли охир нархи сӯзишворӣ дар минтақа боло рафт. Акнун давлат аз як қисми даромади худ, ки аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ба даст меовард, даст мекашад” – изҳор дошт ӯ.

Аброр Мирсаидов пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2027 низ эҳтимоли болоравии нархи сӯзишворӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ба сифр расонидани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба хотири дастгирии бозори дохилӣ, пешгирӣ аз болоравии якбораи нархҳо ва таъмини захираҳои зарурии сӯзишворӣ равона шудааст.

“Ин як иқдоми муҳими иқтисодӣ мебошад. Зеро боҷи гумрукӣ яке аз хароҷотест, ки ба арзиши ниҳоии сӯзишворӣ зам мегардад. Бо бекор шудани он хароҷоти воридкунандагон коҳиш меёбад ва барои пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозори дохилӣ шароит фароҳам мешавад. Ба ибораи дигар, давлат аз як қисми даромади буҷетии худ даст кашида, барои дастрасии аҳолӣ ва корхонаҳо ба сӯзишворӣ бо нархи нисбатан муътадил замина фароҳам меорад. Албатта, то кадом андоза ин имтиёз ба нархи ниҳоии сӯзишворӣ таъсир мерасонад, аз фаъолияти ширкатҳои воридкунанда ва вазъи бозор низ вобаста аст”, гуфт коршинос Аброр Мирсаидов.

Ба таъкиди номбурда, иқтисодиёти Тоҷикистон аз таъмини сӯзишворӣ вобастагии зиёд дорад. “Чунин иқдом на танҳо дастгирии ширкатҳои воридкунанда, балки тадбири муҳим барои таъмини фаъолияти муътадили соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар низ мебошад”, – хулоса кард Аброр Мирсаидов.

Дархост аз Эрон ва се шарти арзоншавии сӯзишворӣ

Имтиёзи гумрукӣ дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистон аз Эрон 2 миллиону 550 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла нафти хом, бензин ва сӯзишвории дизелӣ дархост карда буд.

Барои он ки бекор шудани боҷи гумрукӣ воқеан ба арзон шудани бензин, дизел ва газ мусоидат кунад, коришиносон чанд шартро муҳим медонанд. Якум,  такя ба манбаъҳои гуногуни воридот. Тоҷикистон аз як ё ду таъминкунандаи асосӣ вобастагиро коҳиш диҳад ва имкони харид аз кишварҳои дигарро васеъ кунад.

Дуюм, тақвияти рақобат. Ширкатҳои воридкунанда бояд имкони рақобат аз рӯйи нарх ва сифати маҳсулотро дошта бошанд.

Сеюм, шаффофият дар нархгузорӣ. Мақомоти дахлдор бояд маълумоти хароҷоти воридот, пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ ва нархи миёнаи фурӯшро мунтазам нашр кунанд.

Зимнан, маълумоти охир нишон медиҳад, ки нархи бензини навъи АИ – 95  наздики 17 сомонӣ, АИ – 93 наздики 16, 20 сомонӣ, солярка 16,40 сомонӣ барои ҳар литр ва газ  наздики 7 сомонӣ қарор дорад. Яъне, ҳатто баъди қабули қарори бекор кардани боҷи воридотӣ, арзиши сӯзишворӣ ҳанӯз баланд боқӣ мондааст. Яъне, бекор шудани боҷи гумрукӣ то кунун ба коҳиши чашмрас дар нархи сӯзишворӣ оварда нарасонидааст.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *