Дар Вахш барои 5 ҳазор ҷойи нишаст варзишгоҳ бунёд мегардад
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Вахш, ки барои 5 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, пурра навсозӣ хоҳад шуд.
Шермуҳаммад Каврков, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши сохтмони ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, қариб 90 дарсади корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ иҷро шудааст.
“Барои навсозии варзишгоҳ каму беш 6 миллион сомонӣ масраф мешавад. Корҳои сохтмонӣ асосан бо саҳми соҳибкорон иҷро гардиданд. Вале саҳми Қурбон Юсупов, раиси собиқи ноҳияи Вахш дар бозсозии варзишгоҳ назаррас аст”,- афзуд ӯ.
Қурбон Юсупов раиси ҳамакнун собиқи ноҳияи Вахш қаблан гуфта буд, ки варзишгоҳ аз соли 1965 сохта шудааст, ба навсозӣ ниёз дорад.
“Раиси вилояти Хатлон ҳам дар масъалаи варзишгоҳ эрод гирифта буд. Мо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон навсозии варзишгоҳро оғоз кардаем. Он дар муҳлати кутоҳ ба таври муосир бозсозӣ мешавад”, – гуфта буд вай.
Дар ноҳии Вахш, ки беш аз 210 ҳазор ҷамъият дорад ва то ҳанӯз варзишгоҳе барои баргузории мусобиқаҳои саҳти ҷумҳурявӣ надорад, бунёду навсозии ин варзишгоҳ муҳим арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ