Абдухолиқи Набавӣ: Дар замони Истиқлол бо ормони Шӯравӣ зистан маънӣ надорад! (бахши 1)
Устод Абдухолиқи Набавӣ аз зумраи донишмандонест, ки беш аз ним асри умри хешро ба омӯзиши насри муосир, нақди адабӣ, таърихи адабиёт ва матбуоти тоҷик бахшидааст. Номбурда яке аз пажӯҳишгарони соҳибназари равандҳои адабиёти муосир мебошад. Дар бораи эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фазлиддин Муҳаммадиев, Кӯҳзод, Саттор Турсун, Сорбон, Муаззама, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигар нависандагон пажӯҳиш ва нақд навиштааст. Таърихи афкори адабии тоҷик дар асри ХХ, таҳаввули нақди нави тоҷикӣ, ва таърихи матбуот ва фарҳанги рӯзноманигории тоҷик дар оғози асри ХХ аз ҷумлаи пажӯҳишҳои номбурда мебошанд. Дар остонаи 80-солагӣ бо устод суҳбате анҷом додем.
Корҳои нотамом зиёданд…
– Устоди азиз, мо дар остонаи 80-солагии Шумо қарор дорем. Одам дар чунин синну сол хоҳу нохоҳ ба роҳи тайкардааш назар меандозад, бурду бохти умрро бар мекашад. Шумо ба ин марҳилаи умр бо чӣ рӯҳия ва эҳсосот қадам мегузоред? Аз зиндагӣ ва корҳое, ки анҷом додаед, то куҷо қаноатмандед?
– Ростӣ, вақте ба роҳи тайкардаам назар меафканам, ба чунин хулоса меоям, ки умрам, дар умум, беҳуда нагузаштааст. Албатта, ҳар инсон орзуву ниятҳои зиёде дорад, ки бархе амалӣ мешаванду бархе не. Вале ман дар зиндагӣ ҳеч гоҳ аз пайи ҷамъ кардани давлату сарват, қасру кӯшк ва чизҳои дигар набудам. Чунин чизҳоро ҷустуҷӯ ҳам накардаам. Умрамон дар шаҳр, дар ҳамон хонаҳои маъмулии замони шӯравӣ, ки «хрушёвка» мегӯянд, гузашт. Ҳамин тавр зиндагӣ кардем, кор кардем ва умр сипарӣ шуд.
Ба 80-солагӣ ҳам омодагии махсус надидаам. Росташ, чандон дар фикри ҷашну маърака ҳам нестам. Дар 75-солагӣ, баъзе чизҳо ба нашр расида буданд, ки маро як андоза хотирҷамъ карданд. Аз ҷумла, ду маҷмуа дар бораи ман чоп шуд. Якеро дӯсти азизам, профессор Ҳокимшоҳ Қаландариён дар Хоруғ омода карда, ба табъ расонд ва дигареро Институти забон ва адабиёт дар Душанбе нашр кард. Китобномаамро Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии АМИТ бо таҳрири бародари гиромӣ Ш. Суфизода омодаву ч оп намуд.
Дар марҳилаи имрӯзӣ бемориҳо имкон намедиҳад, ки мисли пештара кор кунам. Дастҳоям карахт шудаанд. Ман акнун дарк кардам, ки даст барои одам чӣ қадар муҳим будааст. То вақте дастат кор мекунад, менависӣ, китоб мегирӣ, варақ мезанӣ, шояд ба қадраш намерасӣ. Вале вақте даст аз кор мемонад ё заиф мешавад, мефаҳмӣ, ки барои одами машғули кори илмӣ ин чӣ мушкили бузургест.
Ҳоло чанд кори омода ва нимтайёр дорам, ки мехоҳам онҳоро ба анҷом расонам. Яке китоби «Таърихи нақди нави тоҷикӣ» аст, ки аз оғози асри ХХ то 35 соли истиқлолро фаро мегирад. Ин кори ҳаҷман бузург аст, қариб ҳаштсад саҳифа. Солҳои зиёд мавод ҷамъ кардаам, матбуоту асарҳои илмиро варақ зада, ба бойгониҳо сар фурӯ бурда, таҳаввули нақди нави адабиро дар давраҳои гуногун пайгирӣ намудаам. Мехоҳам ин кор ба сурати китоб ба нашр расад. Маҷмуае бо номи “Сад соли нақнависии модерни тоҷикӣ. Чеҳраҳо” низ дар компютор аст. Дигар, такмили китоби таърихи Иттифоқи нависандагон аст. Китоби пешина то соли 1934-ро фаро мегирифт, бори аввал ташаккули Иттифоқи нависандагонро бозгӯӣ мекард… Ман онро идома дода, давраҳои баъдиро низ ҳамроҳ кардам. Ин китоб хеле фарогир аст. Танҳо таърихи ташкили Иттифоқи нависандагон нест, балки фаъолияти бахшҳои он, ҷоизаҳои адабӣ, муносибати ин ниҳод бо адибон ва таъсири фаъолияти он ба равандҳои адабиро дар бар мегирад.
Боз як маҷмуа бо номи шартии «Ман ва Хуҷанд» омода кардаам. Хуҷанд дар зиндагии ман ҷойгоҳи махсус дорад. Дар он ҷо таҳсил кардам, ба кори илмӣ рӯ овардам, ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудам ва ҳамчун мунаққид ташаккул ёфтам. Барои ҳамин мехостам хотираҳо, мақолаҳо ва андешаҳои марбут ба он муҳитро дар як китоб ҷамъ оварам. Вале ин кор ҳам нимкора мондааст. Ҳамчунин, мақолаҳои солҳои охирамро дар як маҷмӯа гирд овардаам. Афсӯс, ки неру ва тавоноии пешина нест. Бинобар ин, инҳоро то рӯзи 80-солагиам, нашр карда натавонистам. Вале Худо хоҳад, бо кумаки шогирдон, дӯстон ва ҳамкорон ин корҳоро анҷом медиҳем.

– Шумо ҳам аз корҳои нотамоми худ гуфтед. Вале агар аз доираи китобҳои омодакардаатон берун равем, дар илму адабиёти имрӯзи мо кадом масъалаҳо ҳастанд, ки мехоҳед ҳатман дар бораи онҳо андешаҳои худро баён кунед? Чӣ чиз бештар Шуморо ба ташвиш меорад?
– Пеш аз ҳама, ба кори нақшаии Пажуҳишгоҳ, ки таълифи таърихи насри сад соли охир аст, машғул ҳастам. Дигар, як орзу дорам. Мехоҳам дар бораи вазъи илми имрӯза мо, махсусан адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ, ягон чиз нависам. Баъд аз даргузашти устодони бузург, ба назари ман, муҳити илмии мо як навъ пароканда шуд. Илми академии мо ҳам то андозае асолати пешинаи худро аз даст дод. Ман намегӯям, ки аз ҳама бештар медонам ё андешаҳои ман ҳатман дурустанд. Вале ман дар ҳамон мактаби илмӣ тарбия ёфтаам ва аз меъёрҳои онро каму беш ошно ҳастам. Имрӯз мо бештар ба эҳсосот дода шудаем. Дар таҳқиқот ба ҷойи таҳлили илмӣ баъзан шунидаҳо, тахминҳо ва умумигӯиҳо бартарӣ пайдо кардаанд. Дар нақди адабӣ низ муносибати ба ҳамин сурат аст, балки мулоҳизаҳои эҳсосотии безамина ва беморгуна ба сифати нақд пешниҳод ва нашр мешаванд. Кор ба ҷое расидааст, ки як матнро касе дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мекунад, фардояш мебинед, ки ҳамон матн ба матбуот роҳ ёфтааст ва баъд ҳамчун маводи таҳқиқӣ ба китобҳо ворид шудааст. Яъне, на сарчашма санҷида мешавад, на далелҳо, на андеша аз нигоҳи илмӣ таҳлил мегардад. Дар натиҷа, эҳсосот ва таассуроти шахсӣ бар таҳқиқи илмӣ боло гирифтаанд. Мехоҳам дар бораи ҳамин масъалаҳо чизе нависам, зеро ин ҳолат ба ояндаи илми мо таъсири манфӣ мерасонад.
Масалан, мо имрӯз дар бораи адабиёт бисёр вақт якранг ҳарф мезанем. Ҳол он ки адабиёт дар тӯли таърих давраҳои гуногуни инкишофро аз сар гузаронидааст ва ҳар давра хусусиятҳои хосу поэтикаи худро дорад. Адабиёти қадим ва асотирии мо як хусусият дошт. Баъдан адабиёти классикӣ ба вуҷуд омад, ки дар он унсурҳои романтикӣ, рамзу киноя, тасвири ормонӣ ва дигар воситаҳои хоси баёни бадеӣ ҷойгоҳи муҳим доштанд. Аммо дар оғози асри ХХ вазъият ба таври куллӣ тағйир ёфт. Адабиёти нави воқеъгаро ба вуҷуд омад. Муносибати нависанда ба воқеият, ба инсон, ба замону макон ва ба ҳодисаҳои зиндагӣ дигар шуд. Вақте мо таърихи адабиётро менависем, бояд ин давраҳоро аз ҳам фарқ кунем, хусусиятҳои ҳар кадомро ташхис диҳем ва баъд ба онҳо баҳои диҳем, он гоҳ назарамон воқеӣ мешавад.
Вале бисёриҳо ба тамоми адабиёт бо як меъёр муносибат мекунанд. Гӯё адабиёти асримиёнагӣ ва адабиёти нави воқеъгаро аз ҷиҳати моҳият, сохтор ва тарзи тасвир ҳеч тафовуте надошта бошанд. Ҳол он ки ин адабиёт аз ҳайси сифат ва арзишҳо чизе дигар аст. Дар адабиёти нави реалистӣ сухан аз зиндагии воқеӣ, таърих, шахсияти мушаххас ва инсоне меравад, ки дар замону макони муайян зиндагӣ мекунад. Дар ин ҷо масъалаи асосӣ тарзи дарки воқеият ва таҷассуми бадеии зиндагӣ мебошад. Мо дар адабиёти гузаштаи худ унсурҳои тасвири воқеъгароёна доштем, вале реализми нав ба маънои мактаби ташаккулёфтаи адабӣ пешинаи зиёд надорад. Барои ҳамин устод Айнӣ ҳам ҳангоми таълифи асарҳои худ ин тарзи нави тасвирро меомӯхтанд ва тадриҷан аз худ мекарданд. Агар ба осори устод Айнӣ бодиққат назар кунед, мебинед, ки эшон баъзан дар бораи воқеае мегӯянд, ки ман асли онро дида ва ё шунида будам ё дар «Ёддоштҳо» ҳодисаеро нақл карда, ишора мекунанд, ки онро қаблан дар фалон асарам тасвир ё арзёбӣ кардаам. Ин маънои онро дорад, ки нависанда дар ҷараёни омӯзиши воқеият тарзи тасвири воқеъгароёнаро низ аз худ мекард ва хонандаро низ бовар кунонидан мехост.
Ин ҷараён яксон набуд. Нависандагон пайваста меомӯхтанд, таҷриба мекарданд ва маҳорати онҳо такомул меёфт. Устод Айнӣ низ ҳамин роҳро тай кардаанд. Сабки эшон тадриҷан ташаккул ёфтааст.
Масалан, дар анҷоми романи «Дохунда» мо хусусияти публитсистии тасвирро мебинем. Инро бояд дуруст фаҳмид. Ин камбуди устод Айнӣ нест, балки хусусияти замон ва марҳалаи ташаккули адабиёти нав буд. Нависанда мехост воқеияти замонро пурра фаро гирад, вале ҳодисаҳои таърихӣ ҳанӯз аз лиҳози бадеӣ ба қадри кофӣ ҳазм нашуда буданд. Аз ҳамин сабаб, дар баъзе мавридҳо аз тасвири бамуддаои воқеъгароёна баёни публитсистӣ бартарӣ пайдо мекард. Ҳоло агар чунин андешаҳоро ба миён гузоред, баъзеҳо зуд мегӯянд, ки ин айнистез аст, яъне мухолиф ба Айнӣ мебошад. Ҳол он ки ин масъалаҳо ҳанӯз дар солҳои сиюми асри гузашта матраҳ шуда буданд. Ин нуктагирӣ аз устод Айнӣ нест, балки нақди устод аст ва бояд нақдро аз ситеза тамиз диҳем ва роҳи нақду баҳоро ба осори эшон набаста бошем. Ин амал кори ноқидонест, ки худ ноогоҳ аз таърихи адабиёт ва ситезакор ҳастанд. Баръакс, кӯшиши шинохти воқеии роҳи ташаккул ва таҳаввули насри нави тоҷик аз масъалаҳои муҳим барои аҳли илм бояд бошад.
Лозим аст, ки эҷодиёти нависанда ва умуман ҷараёни адабӣ дар инкишоф ба таҳлил гирифта шавад. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем ба осори адабӣ баҳои дурусти илмӣ диҳем.
– Ба назари банда, яке аз сабабҳои чунин вазъ надонистан ё сатҳӣ донистани назарияи адабиёт бошад. Баъзан муҳаққиқон мавзуи худро медонанд, вале барои таҳлили он заминаи қавии назариявӣ надоранд. Шумо чӣ назар доред?
– Бале, Одилҷон, масъалаи бисёр муҳимро ба миён гузоштед. Николай Чернишевский таъкид мекард, ки бидуни таърихи адабиёт назария вуҷуд надорад ва бидуни назария таърихи адабиётро дуруст дарк кардану баҳо додан мумкин нест. Яъне, мо наметавонем танҳо бо омӯхтани воқеаҳо ва санаҳои таърихӣ маҳдуд шавем. Назария зарур аст, то ки моҳияти ҳодисаи адабӣ ва раванди инкишофро дарк кунем. Маҳз ба воситаи назария метавонем ҷойгоҳи як асар, як нависанда ё як падидаи адабиро дар таърихи адабиёт ва шинохти адабиёт муайян намоем. Бифаҳмем, ки он дар кадом марҳалаи инкишофи адабиёт аст, чӣ хусусиятҳо дорад ва чӣ навигарӣ ба ҳамроҳ овардааст. Масалан, вақте аз ҷинсу жанрҳои адабӣ сухан мегӯем, бояд бидонем, ки ҳар жанр дар таърихи адабиёт чӣ ҷойгоҳ дорад ва дар кадом шароит ба вуҷуд омадаву ташаккул ёфтааст.
Ҳамин дониш ба мо имкон медиҳад, ки қонуниятҳои инкишофи адабиётро дарк кунем. Беҳуда нест, ки дар таълифоти марбут ба таърихи адабиёти шӯравии тоҷик масъалаи инкишофи жанрҳо ҷойгоҳи муҳим дошт. Зеро аз назар гузаронидани таҳаввули жанрҳо яке аз роҳҳои асосии шинохти ҷараёни инкишофи таърихии адабиёт аст.
Вақте мо як асарро таҳлил мекунем, бояд онро ҳам аз нуқтаи назари таърихӣ ва ҳам аз мавқеи назариявӣ бишносем. Назарияи адабиёт барои ҳамин зарур аст: муҳаққиқ бояд мавзуи худро дар ҷойгоҳи воқеии он, бо тамоми моҳият ва хусусиятҳояш дарк карда тавонад.

Мактаби Хуҷанд аз Душанбе кам набуд
– Шумо дар муҳити илмии Хуҷанд ба воя расидед ва ҳамчун адабиётшиносу мунаққид дар ҳамон ҷо ташаккул ёфтед. Мактаби илмии Хуҷанд аз мактаби Душанбе чӣ тафовут дошт? Таълими адабиёт дар донишгоҳи Хуҷанд чӣ гуна буд ва кадом устодон ба ташаккули ҷаҳонбинии илмии Шумо бештар таъсир гузоштанд?
– Ман дар бораи ин масъала бисёр андеша кардаам. Ба назари ман, муҳити адабиётшиносии Душанбе як андоза озодтар буд, вале дар Хуҷанд муҳити илмӣ нисбатан маҳдудтар ба назар мерасид. Яъне, дар Душанбе бештар андешапардозӣ ва баҳсҳои васеи илмӣ вуҷуд доштанд, аммо мо дар Хуҷанд асосан дар доираи илми суннати адабиёт, назарияи адабиёт ва омӯзиши муназзами асарҳо кор мекардем.
Албатта, ин маҳдудият ё суннатгароӣ ҷиҳати мусбат ҳам дошт. Мо назарияи адабиётро хуб омӯхтем. Китобҳои илмӣ ва назариро ҷиддӣ мехондем ва кӯшиш мекардем, ки моҳияти масъалаҳои адабӣ, куллан таърихи адабиётро дарк намоем ва фаро гирифта бошем.
Устодони хуб зиёд доштем, вале мехоҳам махсус аз ду нафар ёд кунам: Юсуфҷон Салимов ва Атахон Сайфуллоев. Ҳар ду дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии мо нақши муҳим доштанд.
Масалан, устод Юсуфҷон Салимов ба тозагӣ аз Маскав омада буд ва баҳсҳо ва назарияҳои умумишуравиро ҳамроҳ доштанд. Муаллими хеле хуб ҳам буданд ва ҳангоми дарс ба таърихи адабиёт рӯҷуи таърихии бисёр мекарданд. Агар дар бораи адабиёти як давраи муайян сухан мегуфтанд, масъалаҳоро дар пайванди таърихӣ шарҳ медоданд.
Фарз кардем, вақте аз таҳаввули жанри ғазал дар эҷодиёти Ҳилолӣ сухан мерафт, эшон ба таърихи пешинаи жанр бармегаштанд. Аз замони Рӯдакӣ оғоз карда, то Саъдиву Ҳофиз мерасиданд ва баъд хусусиятҳои хоси ғазали Ҳилолиро бозгӯ мекарданд. Ин барои он буд, ки мо танҳо як шоир ё як асарро нашиносем, балки моҳияти жанр, таърихи ташаккул ва қонуниятҳои инкишофи онро дарк кунем.
Устод Атахон Сайфуллоев, агар хато накунам, солҳои 1964 ё 1965 ба донишгоҳи мо омаданд. Худи ҳузури чунин шахсият дар муҳити донишгоҳ барои мо бисёр муҳим буд. Мо медидем, ки устод мунаққиди фаъол ҳастанд, мақолаҳояшон дар матбуот зуд ва зиёд чоп мешаванд, дар баҳсҳои адабӣ иштирок мекунанд ва ба асарҳои нав баҳо медиҳанд. Ин ба мо, донишҷӯён, ҷуръат мебахшид. Мо эҳсос мекардем, ки кори илмӣ танҳо хондани китоб ё аз ёд кардани дарс нест. Метавон ба ҷараёни адабӣ ворид шуд, ибрози андеша кард ва дар баҳсҳо иштирок намуд.
Устодон моро маҷбур мекарданд, ки китобҳои илмиро конспект кунем. Ҳатто китобҳои русиро бояд мехондем ва муҳтавои онҳоро менавиштем. Ҳамин тавр, ба мо китобхонии илмиро омӯзонданд.
Ман инро бисёр муҳим медонам. Зеро китобхонии илмӣ аз мутолиаи одӣ фарқ мекунад. Шумо бояд андешаи муаллифро дарк кунед, мантиқи баҳси ӯро пайгирӣ намоед, далелу натиҷаҳоро аз ҳам ҷудо кунед ва аз хондаатон хулоса бароред. Андешаи илмӣ, тарзи баён ва малакаи таҳлилӣ маҳз дар ҳамин раванд ба вуҷуд меоянд.
Соли 1966 китоби устод Сайфуллоев дар бораи романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ ба нашр расид. Пеш аз он китоби устод Муҳаммадҷони Шакурӣ “Хусусиятҳои ғоявиву бадеии “Ёддоштҳо” нашр шуда буд. Ин асарҳо барои мо ҳамчун намунаи таҳқиқи адабиёт аҳаммият зиёд доштанд.
Он вақт дар донишгоҳи Хуҷанд навиштани кори дипломӣ маъмул набуд. Ба донишҷӯён бештар корҳои курсӣ ва амалӣ медоданд. Баъдтар, соли 1980, ман бори аввал ба Носирҷон Салимӣ кори дипломӣ додам. Мавзуаш «Ҳофизаи таърихӣ дар эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев» буд. Қаблан худам замони донишҷӯӣ дар бораи Пӯлод Толис кори курсӣ навишта будам. Устод Сайфуллоев онро хонда гуфтанд, ки ҳамин кор метавонад дар сатҳи кори дипломӣ бошад. Чунин хислат доштанд устод Сайфуллоев, ки ба мо корҳои амалӣ медоданд. Масалан, боре устод ба мо донишҷӯён супориш доданд, ки ҳикояи «Роҳ»-и Фазлиддин Муҳаммадиевро хонем ва ҳар кас андешаи худро дар бораи он нависад. Ман ҳам хонда, таҳлил кардам ва навиштаам ба устод маъқул шуд. Баъд дар кафедра гуфтаанд, ки аз ҳамин бача чизе мебарояд. Он замон, ба назари ман, масъалаи маҳал ё хешу табор чандон ҷойгоҳ надошт. Агар дар ҷавоне истеъдод, майл ба илм ва қобилияти таҳлилӣ медиданд, ӯро дастгирӣ мекарданд.
Мо ба китобҳои устод Шакурӣ, Лариса Демидчик, Расул Ҳодизода ва дигар муҳаққиқон низ таваҷҷуҳ доштем. Мехондем, меомӯхтем ва кӯшиш мекардем, ки аз дастовардҳои илми адабиётшиносии Душанбе бохабар бошем. Ман намегӯям, ки аз муҳити илмии Душанбе болотар будем. Вале аз он кам ҳам набудем. Шояд дар баъзе масъалаҳо ба ҳамон сатҳ нарасида будем, аммо заминаи назариявӣ ва илмии хуб доштем. Ҳамин тавр, баъди хатми донишгоҳ маро ба кор гирифтанд. Як муддат фаъолият карда, ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Баъди бозгашт корро идома додам ва ниҳоят соли 1981 дар мазуи «Масъалаи таҳлили равоншиносии бадеӣ дар насри муосири тоҷикӣ” рисолаи номзадиро ҳимоя кардам.
– Аввалин мақолаҳои интиқодӣ ва нақдҳои Шумо кай ба нашр расиданд? Чӣ гуна аз муҳити донишгоҳ ба ҷараёни фаъоли нақди адабии тоҷик ворид шудед?
– Аввалин мақолаи нақди ҷиддии ман оғози дар солҳои ҳафтодум ба нашр расиданд. Аз ҷумла, дар бораи эҷодиёти Саттор Турсун мақола навишта будам. Соли 1973 ҳам дар баҳсҳои марбут ба вазъи насри муосири тоҷик иштирок кардам ва ҳам дар баҳсҳои назм (1976) низ дар саҳифаҳи “Садои Шарқ” андешаҳои худро баён намудам. Ҳамин мақолаҳоро тадриҷан ҷамъ кардам ва аз онҳо як маҷмуа ба вуҷуд омад. Моҳи майи соли 1977 машварати адибони ҷавон баргузор гардид. Устод Мирзо Турсунзода низ дар он иштирок доштанд. Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Раҳим Ҳошим, Лоиқ Шералӣ ва дигар устодони назму наср ҳам буданд. Дар он машварат бахши махсуси нақди адабӣ вуҷуд надошт. Вале ман маҷмуаи худро пешниҳод кардам. Устод Раҳим Ҳошим онро хонда, писандиданд. Ман он вақт ҳам дар нақди назм иштирок мекардам, ҳам дар нақди наср. Зеро ҳамчун мунаққид наметавонистам танҳо ба як бахш маҳдуд шавам. Мехостам ҳам аз ҷараёни назм огоҳ бошам ва ҳам аз рушди наср. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ба ҷараёни нақди адабӣ ворид шудам.
Мактаби Шакурӣ
– Шумо аз мактаби илмии Хуҷанд ва нақши устодон Юсуфҷон Салимову Атахон Сайфуллоев ёд кардед. Аммо дар марҳалаи баъдӣ академик Муҳаммадҷони Шакурӣ роҳбари илмии Шумо шуданд. Ин робита чӣ гуна оғоз ёфт ва устод Шакурӣ дар ташаккули Шумо ҳамчун муҳаққиқ ва мунаққид чӣ нақш гузоштанд?
– Ман пеш аз он ки бо устод Шакурӣ шахсан шинос шавам, тавассути осорашон эшонро мешинохтам. Китобҳояшон, аз ҷумла таҳқиқоташон дар бораи «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ, рисолаҳои Раҳим Ҷалил ва Сотим Улуғзода, инчунин мақолаҳои интиқодиашонро мутолиа мекардем. Вақте аз хизмати ҳарбӣ баргаштам ва масъалаи интихоби роҳбари илмӣ ба миён омад, қарор додам, ки устод Шакуриро интихоб кунам. Ҳарчанд он вақт ҳанӯз бо эшон шахсан шинос набудам. Аз донишгоҳ нома навиштанд ва устод розӣ шуданд.
Бори аввал соли 1971 бо устод рӯ ба рӯ шудам. Аз ҳамон шиносоии аввал хоксорӣ ва самимияти эшон ба ман таъсир кард. Устод аз он шахсоне набуданд, ки мақоми илмии худро ба дигарон ба намоиш гузоранд ё миёни худу шогирд фосилаи сунъӣ ба вуҷуд оваранд. Бисёр дастрас буданд. Баъд ҳамкории мо асосан тавассути нома идома ёфт. Ҳар чизе менавиштам, як нусхаашро ба устод мефиристодам. Эшон мехонданд, таҳрир мекарданд ва ҳатто худашон ба идораи «Садои Шарқ» ё «Адабиёт ва санъат» мебурданд.
Дар баробари ин, устод моро ба шинохти аслу моҳияти адабиёт раҳнамоӣ мекарданд. Аслан ба сатҳу савияи эшон мувофиқат кардан худ як қонуни нонавиштаи масъулияти шогирд ба шумор меомад. Меомӯзонданд, ки ба асар танҳо аз мавқеи мазмун ва ғоя назар накунем, балки ҳунари нависанда, навоварии ӯ ва ҷойгоҳи асарро дар ҷараёни адабӣ муайян намоем. Ман соли 1981 таҳти роҳбарии эшон рисолаи номзадиро ҳимоя кардам ва соли 1984 ба Душанбе омадам. Баъд қариб сӣ сол якҷо кор кардем.
Аз суҳбатҳои устод бисёр баҳра бурдем. Ҳар вақт мехостем, ба хонаашон мерафтем, моро бо хушнудӣ қабул мекарданд. Барои ҳамин мегӯям, ки устод Шакурӣ на танҳо роҳбари илмӣ, балки дар ташаккули шахсияти мо низ нақши бузург доштанд.
– Кадом сифати устодро имрӯз ҳам барои худ меъёр медонед?
– Бояд бигӯям, ки мактаби Хуҷанд ба мо асосҳои илмро омӯзонд, вале устод Шакурӣ ба он як ҷиҳати бисёр муҳим – шинохти моҳияти падидаи адабӣ ва масъулияти шахсии муҳаққиқро илова карданд. Масалан, устод меомӯзонданд, ки ҳар асарро дар ҷойгоҳи худаш бишносем. Бифаҳмем, ки нависанда чӣ гуфтааст, чӣ гуна гуфтааст, дар эҷодиёти ӯ чӣ навигарӣ ҳаст ва нисбат ба адабиёти пешина чӣ қадаме ба пеш гузоштааст. Ин муносибат ба мо ёрӣ медод, ки дар нақд мустақил бошем ва ба асар бо меъёрҳои илмӣ баҳо диҳем.
Аммо як хусусияти дигари устодро ҳамеша дар хотир дорам: одамият ва хоксорӣ. Ман дар тамоми солҳои ҳамкорӣ надидаам, ки устод ба касе дағалгуфторӣ кунанд. Ба шогирдон ғамхорӣ мекарданд, ҳатто масъалаҳои зиндагии шахсии онҳоро аз назар дур намемонданд.
Як вақт ман бемор шуда будам. Устод худашон табиб пайдо карданд, ҳамроҳи ҳамсарашон маро назди ӯ бурданд ва ҷараёни табобатамро назорат мекарданд. Ин гуна муносибатро фаромӯш кардан мумкин нест.
(Поёни бахши аввал)
Мусоҳиб Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ