Чаро Ҳаҷ аз Тоҷикистон гарон аст? Посухи масъулин

Хабарнигорон зимни нишасти хабарӣ аз раиси Кумитаи дин пурсиданд, ки чаро нархи сафари умра дар Тоҷикистон назар ба Ӯзбекистон гаронтар аст? Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин гуфт, дар бастаи хизматрасоние, ки ширкатҳои ӯзбекистонӣ барои адои умра пешниҳод кардаанд, баъзе хароҷот, аз ҷумла хӯрок нест.

Аммо дар эълонҳое, ки ширкатҳои ӯзбекистонӣ пешниҳод кардаанд, барои зоирин ҳадди ақал ду вақт хӯрок пешбинӣ шудааст.

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки нархи сафари умра аз Тоҷикистон 14 ҳазор сомонӣ (қариб 1300 доллар) аст ва аз Ӯзбекистон аз 1100 доллар шуруъ мешавад.

“Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки танҳо бо дар назар гирифтани на он қадар фарқияти зиёд, ҳудуди 1000-2000 сомонӣ худашонро сарсон карда, ба воситаи кишвари ҳамсоя мераванд. Онҳо дар бисёр ҳолатҳо фирефтаи эълонҳо ё миёнаравҳои бардурӯғ мешаванд. Масалан арзонтарин нархи умра аз Тошканд аз 1100 то 1400 доллар аст. Вале онҳо дар назар намегиранд, ки хароҷоти аз Душанбе то Тошканд рафтан чӣ қадар аст”,- афзуд раиси Кумитаи дин.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки сафар ба умра аз Ӯзбекистон бамаротиб арзонтар аз Тоҷикистон аст. Моҳи октябри соли 2023 нархи сафар ба Умра аз шаҳри Самарқанд то 12 ҳазор сомонӣ ва аз Душанбе 19 ҳазор сомонӣ будааст. Баъзе ширкатҳои Ӯзбекистон ба 10 ҳазор сомонӣ ҳам зоиронро ба ҳаҷи умра мебаранд. 

Омор:

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, ки танҳо дар соли 2023 ҳудуди 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо нияти адои ҳаҷи умра ба Арабистон рафтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то давраи бемории ҳамагири «КОВИД» аз 2 то 3 ҳазор нафар мерафтанд.

Дар маҷмуъ, ба иттилои мақомот, дар панҷ соли охир шумораи зойирон аз Тоҷикистон се баробар зиёд шудааст.

Аз идора:

Тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст. Танҳо дар соли 2023 аз ҷониби кормандони соҳа нисбат ба 63 шаҳрванд барои риоя накардани талаботи моддаи мазкур протокол тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *