Аз муҳоҷират то субот дар минтақа. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин, ки 20-уми ноябр бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд, дар баробари дигар мавзуъҳо, атрофи соҳаи муҳоҷитрати меҳнатӣ низ суҳбат кардаанд.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон навиштааст,  дар ин мулоқот “дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ дар рӯҳияи созандагӣ таъкид карда шуд.” Дар робита ба ин масъала ҷузъиёти бештар дода нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз сатҳи баланди муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи таъмини амният ва субот дар минтақа суҳбат кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, роҳбарони Тоҷикистону Русия ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва нақлиёт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардаанд.

“Ҳар ду ҷониб барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасонии электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд”,-навиштааст дафтари матбуоти Президенти кишвар.

Сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе низ аз мавзуъҳои суҳбати ҷонибҳо будааст.

Ҳангоми гуфтушунид вазъияти минтақа, мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, зуҳуроти радикализм, таҳдидҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир, муфассал муҳокима гардидааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбоути Президент, дар ин вохӯрӣ сатҳи ҳамкории хуби ҳамоҳангшудаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар баланд арзёбӣ шудааст.

“Изҳори бовар карда шуд, ки густариши ҳамкории минбаъда имкон медиҳад, ки шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар бо муҳтавои нави амалӣ ба манфиати ҳарду мардум ғанӣ гардад”,-гуфтааст манбаъ.

Сафари Владимир Путин ба Душанбе баъди ширкаташ дар нишасти  ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором, ки 18-19-уми ноябр Чин гузашт, сурат гирифт. Дар ин ҳамоиш, дар шаҳри  Шэнҷени Чин нахустин нишасти сеҷонибаи роҳбарони се қудрати бузурги ҷаҳон-президентҳои ИМА, Русия ва Чин баргузор шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *