Ҷомӣ ва Навоӣ. Хотирае, ки пас аз 47 сол бедор шуд

16 – уми ноябри соли 2026 дари кинотеатри «Ватан» – и Душанбе дубора ба рӯйи тамошобинон боз шуд. Саҳни ҳавлии он аз чеҳраҳои ҷавону солхӯрдаи дӯстдори синамо гулпӯш буд. Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», ки маҳсули заҳмати муштараки ҳафтсолаи синамогарони тоҷику ӯзбек аст, шоми Душанберо ба маҳтобшаби ҳунару маърифат табдил дод.

Синамогарон аз паси пардаи панҷ аср симои ду нобиға, самимияти рафоқати устоду шогирд, пайванди маънавии ду халқ ва бузургии суханро зинда гардониданд. Ҷомӣ ва Навоӣ дар ин филм ду рамзи маърифат ва дӯстие ҷилвагар мешуданд, ки аз имтиҳони асрҳо гузаштааст. Зеро дӯстие, ки бар пояи хирад ва маърифат бунёд меёбад, бо гузашти замон кӯҳна намешавад, балки ба мероси наслҳо табдил меёбад.

Аз ҳар саҳнаи филм заҳмати пурмашаққат ва маҳорати ҳунарии офарандагони он эҳсос мешуд. Билхоса, ҳунарнамоии Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар симои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Илҳом Бердиев, ҳунарпешаи Ӯзбекистон дар нақши Мир Алишери Навоӣ, Маҳмадсаид Шоҳиён дар симои Узун Ҳасан Бойқаро ва Парвиз Пӯлодӣ дар нақши вазир Маҷдидин ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Ҳар кадоме кӯшидаанд ба қаҳрамони худ на танҳо симои зоҳирӣ, балки рӯҳу равон, андеша ва хислатҳои хоси даврони таърихиро бахшанд, то тамошобин аз паси пардаи синамо шахсиятҳои зиндаи панҷ аср пешро бубинад. Офарандагони филм кӯшидаанд, ки бо чашми эҳтиром ба таърих, олами маънавии гузаштагон нигаранд. Албатта, офаридани симои бузургоне чун Ҷомӣ ва Навоӣ кори осон нест. Зеро бозофаридани либосу қасру кӯчаҳои таърихӣ, зинда кардани андеша, ҳикмат ва рӯҳи замоне, ки ин бузургон дар он зистаанд, хеле муҳим ва душвор ҳастанд.

Дар торикии толор, миёни садои филм ва сукути тамошобинон, андешаи ман тадриҷан аз пардаи синамо дур мешуд. Номи Ҷомӣ ва Навоӣ дар зеҳнам таърихеро бедор кард, ки чилу ҳафт сол боз дар гӯшае аз хотирам ором гирифта буд.

Аҷиб аст кори хотира. Гоҳ воқеаҳои дирӯзро фаромӯш мекунӣ, аммо нигоҳе, овозе ё номи ошное метавонад рӯзеро, ки ним аср пеш гузаштааст, бо тамоми рангу бӯяш пеши чашмат зинда гардонад.

Ман дар кинотеатри «Ватан» нишаста будам, аммо хаёлам аллакай аз Душанбе гузашта, аз марзи Тоҷикистон берун мерафт.

Соли 1979. Кобул. Шаҳре, ки тамаддуни ҳазорсолааш бо хуни ҷанги таҳмилӣ даромехта буд. Шаҳре, ки дар ҳар санги кӯчаҳояш нақши таърих ва дар ҳар гӯшааш осори ҷанг ба чашм мерасид. Гузаштааш аз шукӯҳи илму фарҳанг қисса мекард, аммо имрӯзаш дар оташи ҷанг месӯхт. Гӯё таърих дар ин сарзамин ду чеҳра дошт – яке офаридаи хирад ва дигаре захмхӯрдаи ҷаҳолат.

Дар кӯчаҳо зиндагӣ идома дошт. Дӯкондорон молҳояшонро пеши дар мечиданд. Бӯйи нони тоза аз танӯрхонаҳо ба машом мерасид. Дар бозорҳо садои савдогарон, ғалоғулаи харидорон ва шӯхии кӯдакон ба ҳам меомехт. Мӯйсафедони ришсафед бо саллаву дастор, ҷавонони пероҳану шалворпӯш, занони чодарбасар ва донишҷӯёне, ки либоси аврупоӣ доштанд, аз паҳлуи ҳам мегузаштанд.

Дар баъзе кӯчаҳо мошинҳои нав бо аробаҳои кӯҳна паҳлӯ ба паҳлӯ ҳаракат мекарданд. Дар назди биноҳои давлатӣ сарбозони мусаллаҳ меистоданд.

Дар шаҳр, дар як вақт, бӯйи нону борут ба ҳам даромехта буданд.

Ман он рӯзҳо бори аввал ба маънои ҳақиқати талх, ки ҷанг на ҳамеша зиндагиро бозмедорад, сарфаҳм рафтам. Баъзан зиндагӣ маҷбур мешавад дар паҳлуи ҷанг роҳ равад. Мардум фарзанд ба дунё меоранд, нон мепазанд, издивоҷ мекунанд, механданд, гиря мекунанд ва фардоро интизор мешаванд. Ҳатто вақте намедонанд, ки фардо ба сарашон чӣ хоҳад омад.

Кобул бо тамоми захмҳояш шаҳри зинда буд.

Дар канори маҳаллаҳои қадима биноҳои нави бисёрошёна қомат меафрохтанд. Яке аз чунин маҳаллаҳо – “Микрорайон” буд. Шаҳракеро, ки бо кумаки Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфта буд, сокинонаш низ бо ҳамин номи русӣ ёд мекарданд.

Дар Микрорайон манзара тамоман дигар буд. Биноҳои чорошёнаи якшакл, кӯчаҳои нисбатан васеъ ва тарҳи якнавохти маҳалла ба  шаҳрҳои шӯравӣ шабоҳат доштанд. Гӯё як гӯшаи микрорайони 65 – и Душанберо аз ҷой бардошта, дар домани кӯҳҳои Кобул гузошта бошанд. Аммо кофӣ буд аз ин маҳалла берун шавӣ ва дигарбора ба Кобули қадима – ба кӯчаҳои печдарпеч, деворҳои гилин, дӯконҳои хурд ва зиндагие, ки садсолаҳо бо расму оини худ идома дошт, ворид гардӣ.

Ин ду ҷаҳон дар як шаҳр ҳамсоя буданд, вале на ҳамеша якдигарро мефаҳмиданд. Шояд яке аз мушкилоти Афғонистон низ ҳамин буд. Дигаргун кардани шакли шаҳр осонтар аз дигаргун кардани тарзи андешаи ҷомеа аст. Бинои навро метавон дар чанд сол сохт, аммо эътиқод, одат ва муносибатҳои чандинасраи мардумро бо фармон дигар кардан имкон надорад.

Маҳз дар ҳамон солҳо Иттиҳоди Шӯравӣ тасмим гирифта буд, ки дар Афғонистон ислоҳоти аграриро амалӣ намояд. Барои таҳияи консепсияи ин ислоҳоти фарогир се тан аз шахсиятҳои шинохта ва соҳибтаҷрибаи соҳаи идораи давлату кишоварзии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон сафарбар шуданд: Абдулаҳад Қаҳҳоров, собиқ раиси Совети вазирони Тоҷикистон, Мирзо Бобоев, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон оид ба хоҷагии қишлоқ ва Қӯйбоқаров, вазири кишоварзии Ӯзбекистон.

Дар назди ин се фарди соҳибтаҷриба вазифаи таҳияи тарҳи ислоҳоте меистод, ки бояд низоми заминдорӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, расму оин ва тарзи зиндагии деҳқонони афғон низ таъсир мерасонд ва дигар мекард.

Аммо замин дар Афғонистон бо урфу одат, нуфузи қабилаҳо, муносибатҳои хонаводагӣ, эътиқоди динӣ ва тарзи зиндагии мардум пайванди ногусастанӣ дошт. Дар чунин ҷомеа дигар кардани муносибатҳои заминдорӣ маънои дахолат ба низоми мураккаби иҷтимоиро дошт. Ин ҳақиқатро мутахассисони соҳибтаҷриба хуб дарк мекарданд. Барои ҳамин ҳам кори онҳо на танҳо таҳияи як санади иқтисодӣ, балки ҷустуҷӯи роҳи ба ҳам овардани сиёсат ва воқеияти зиндагӣ буд.

Ин се марди соҳибмансаб дар Кобул зиндагии аҷибе доштанд. Онҳо дар яке аз биноҳои Микрорайон, дар як хонаи сеҳуҷрагӣ, ҳамроҳ мезистанд. Ҳар яке дар кишвари худ соҳиби дафтари корӣ, котибот, хизматрасонӣ ва имкониятҳои зиёди давлатӣ буд. Аммо ин ҷо рӯзгори онҳо ба зиндагии се ҳамхона табдил ёфта буд. Худашон хӯрок мепухтанд, корҳои рӯзгорро анҷом медоданд, баъд сари ҳуҷҷату нақшаҳои ислоҳоти аграрӣ менишастанд.

Мансаб дари бисёр мушкилотро боз мекунад, аммо зиндагии муштарак дари хислати инсонро мекушояд. Маҳз дар чунин шароит маълум мешавад, ки бузургии одам дар шахсият буданаш аст, на дар курсие, ки ишғол кардааст.

Абдулаҳад Қаҳҳоров марди фозил, китобхон ва соҳиби дониши фарох буд. Дар гуфтораш андеша бар эҳсос ғолиб меомад. Китоб барои ӯ ҳамнишини доимӣ буд.

Қӯйбоқаров ӯро бо эҳтироми хоса «оқсақол» мегуфт. Ин муроҷиат танҳо ба синну сол вобаста набуд. Дар он эътирофи таҷриба, дониш ва мақоми маънавии Қаҳҳоров эҳсос мешуд.

Дар зиндагии онҳо як воқеаи ҷолиб ба ҳукми одат даромада буд. Ҳар гоҳ навбати хӯрокпазӣ ба Абдулаҳад Қаҳҳоров мерасид, Қӯйбоқаров намегузошт, ки ӯ ба ошхона наздик шавад. Ба таъкиди ӯ, вақти оқсақолро набояд барои пухтани хӯрок сарф кард. Беҳтар он буд, ки Қаҳҳоров сари миз нишаста, навиштани консепсияи ислоҳоти аграриро идома диҳад. Қӯйбоқаров кори ошхонаро ба зимма мегирифт, то оқсақол ба кори асосӣ машғул бошад. Ин муносибат манзараи устодию шогирдии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро дар филм пеши назар меовард.

Абдулаҳад Қаҳҳоров бо ҳуруфи форсӣ менавишт. Забони мардуми Афғонистонро хуб мефаҳмид ва бо онҳо бе тарҷумон муошират мекард. Ин бартарии бузург буд. Забон калиди дари эътимод аст.

Афғонҳо нисбат ба ӯ эҳтироми зиёд доштанд. Дар баробари таҷрибаи давлатӣ, дониш, хоксорӣ ва ошноӣ бо забону фарҳанги онҳо ин эҳтиромро бештар мекард.

Шояд ҳамин хусусият буд, ки Мирзо Бобоев ва Қӯйбоқаров низ ба Қаҳҳоров на танҳо ҳамчун ҳамкор, балки ҳамчун шахси соҳибмартаба ва устоди зиндагӣ муносибат мекарданд.

Ман он вақт ҳанӯз бо ин се нафар аз наздик шинос набудам. Аммо тақдир барои мо дар Кобул як маҳфили хотирмон омода карда буд. Дӯст ва бародари ман Муродуллоҳ Шерализода дар Микрорайон, бинои рақами 32 зиндагӣ мекард. Ӯ, он солҳо дар бемористони машҳури «400 бистар» – и Кобул ба ҳайси сартарҷумон фаъолият дошт. Ва аз ҷумлаи тоҷиконе буд, ки дар муҳити мутахассисони шуравӣ ва афғонҳо эътибори хос пайдо карда буд. Тарҷумонӣ дар шароити онрӯзаи Афғонистон кори одӣ набуд. Гоҳ як калимаи нодуруст метавонист миёни одамон нофаҳмӣ ба вуҷуд орад. Тарҷумон бояд на танҳо забон, балки рӯҳия, одат ва нозукиҳои муоширати ду тарафро медонист.

Муродуллоҳ аз уҳдаи ин кор мебаромад.

Ӯ бо Абдурашид Қаҳҳоров, писари калонии Абдулаҳад Қаҳҳоров боҷа буд. Муродуллоҳ ва Абдурашид бо ду хоҳар ‑ Хосият ва Санавбар издивоҷ карда буданд.

Абдурашид Қаҳҳоров худ шахси донишманд буд ва солҳои зиёд роҳбари шуъбаи ташкилии Шӯрои Олӣ  буд. Ин пайванди хонаводагӣ сабаб мешуд, ки муносибати Муродуллоҳ бо Абдулаҳад Қаҳҳоров аз доираи шиносоии одӣ фаротар равад.

Рӯзе Муродуллоҳ ҳар се меҳмони соҳибэҳтиромро ба хонааш даъват кард. Ман низ даъватӣ будам. Ҳанӯз намедонистам, ки ин меҳмонии хонаводагӣ баъд аз чилу панҷ сол, дар толори кинотеатри «Ватан» ба яке аз равшантарин хотираҳои зиндагиям табдил меёбад.

Хонаи Муродуллоҳ ҳамеша пур аз меҳмон буд. Аммо меҳмоннавозии ӯ як махсусият дошт, ки ҳар касе ба остонааш қадам мегузошт, худро меҳмон эҳсос намекард. Дар он хона бегонагӣ аз остонаи дар  берун мемонд ва самимияту меҳрубонӣ ҷойи онро мегирифт. Гӯё Муродуллоҳ дар миёни Кобули ҷангзада гӯшаи кӯчаке аз Ватанро бунёд карда буд, ки ҳар тоҷики дур аз диёр метавонист дар он гармии хонаи худро эҳсос кунад. Дурӣ аз Ватан одамонро ба ҳам наздиктар мекунад.

Дастархони тоҷикӣ ороста шуд. Суҳбат аз ҳолу аҳвол оғоз ёфт, баъд тадриҷан ба Афғонистон, зиндагии мардуми он, сиёсати аграрӣ, таърих ва фарҳанг гузашт.

Ман бештар гӯш мекардам. Бароям на танҳо мазмуни суҳбат, балки тарзи муносибати ин се марди соҳибтаҷриба ҷолиб буд. Абдулаҳад Қаҳҳоров оромона ҳарф мезад. Дар суханаш шитоб набуд. Пеш аз баён кардани фикр лаҳзае андеша мекард, гӯё мехост аз миёни чандин калима муносибтаринашро интихоб намояд.

Мирзо Бобоев ва Қӯйбоқаров суханонашонро бо диққат гӯш мекарданд. Дар рафторашон эҳтироме эҳсос мешуд, ки на ба тақозои одоби расмӣ, балки аз эътирофи самимии донишу таҷриба сарчашма мегирифт. Ба назарам чунин менамуд, ки Қаҳҳоров устоду ин ду нафар шогирдони соҳибтаҷрибаи ӯ.

Маро як чиз бештар ба андеша мебурд. Одамоне, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳо ба идораи давлат машғул буданд, дар сарзамини ҷангзадаи дигар нишаста, дар бораи обод кардани замину беҳтар намудани зиндагии деҳқонон баҳс мекарданд.

Дар миёни суҳбат Абдулаҳад Қаҳҳоров гоҳ аз масъалаҳои иқтисодӣ ба таърих мегузашт, аз таърих ба адабиёт ва аз адабиёт боз ба зиндагии мардум бармегашт. Барояш ин мавзӯъҳо аз ҳам ҷудо набуданд. Шояд марди давлатдоре, ки адабиётро медонад, дар паси рақамҳо инсонро беҳтар мебинад. Зеро иқтисод бе инсон танҳо ҳисоб аст ва сиёсат бе маърифат ба зӯроварӣ табдил меёбад.

Суҳбат ба адабиёти классикӣ расид. Номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба забон омад. Ин ду шахсият дар таърихи тамаддуни мо мақоми хоса доранд. Яке бо сухани форсӣ-тоҷикӣ ба қуллаҳои баланди маърифат расид, дигаре бо забони туркии чағатоӣ ҷаҳони адабиёти худро офарид. Аммо бузургии муносибати онҳо танҳо дар истеъдоди адабӣ набуд. Ҷомӣ устод буд ва Навоӣ шогирди соҳибмақом. Онҳо исбот карданд, ки бузургӣ аз наздик шудани ду ситора коста намешавад. Баръакс, нури ҳар ду бештар мегардад. Шояд ҳамин ҷиҳат барои се меҳмони мо, ки худ низ намунаи муносибати устодонаву ҳамкорӣ буданд, ин мавзуъ ҷолиб буд.

Дар ҷараёни суҳбат Абдулаҳад Қаҳҳоров хабар дод, ки пасфардо ният дорад ба Ҳирот, зиёрати зиёрати қадамгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мераванд. Сипас ба ман низ пешниҳод кард, ки онҳоро ҳамроҳӣ намоям.

Ин пешниҳод бароям ғайричашмдошт буд.То он вақт Ҷомӣ ва Навоӣ барои ман бештар аз саҳифаҳои китобҳо ошно буданд. Акнун имконияте пеш меомад, ки ба сарзамини зиндагии онҳо қадам гузорам, ҷойҳоеро бубинам, ки ин ду нобиға дар он ҷо зиста, андешида ва осори ҷовидонаи худро офаридаанд.

Ҳирот дар тасаввури ман шаҳри Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Камолиддини Беҳзод ва садҳо бузургони илму ҳунар буд. Шаҳре, ки замоне дар кӯчаву мадрасаҳояш сухан қадр дошт ва китоб аз бисёр ганҷҳои подшоҳон гаронбаҳотар дониста мешуд.

Ман пешниҳоди Абдулаҳад Қаҳҳоровро бо хушнудӣ пазируфтам. Аммо миёни хоҳиши сафар ва имкони амалӣ сохтани он монеае вуҷуд дошт. Бояд барои ин сафар расман иҷозат мегирифтам. Зеро вазъ ноором буд.

Он вақт ман дар сохтори Вазорати геологияи Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор мекардам. Роҳбарии гурӯҳи геологҳои Иттиҳоди Шуравиро Евгений Михайлович Охримюк ба уҳда дошт. Ӯ аз мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои бонуфузе буд, ки солҳои зиёд мушовири раиси Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Косигин буд.

Охримюк марди ҷиддӣ, сахтгир ва бомаърифат буд. Дар кор саҳлангориро намеписандид. Барои ӯ интизоми хизматӣ меъёри масъулиятшиносӣ буд. Тақдири ин мард низ фоҷиабор анҷом ёфт. Баъдтар ӯро дар Кобул рабуданд ва ба Покистон бурда, ба дор овехтанд.  Ин фоҷиа яке аз воқеаҳои талхи он солҳо буд. Он нишон дод, ки  дар Афғонистони ҷангзада ҳатто шахсони ғайринизомӣ ва мутахассисони барои омӯзиши сарватҳои зеризаминии кишвар омада, аз хатар эмин намемонданд.

Аммо он рӯзҳо Охримюк ҳанӯз зинда буд ва барои мо сухани ӯ ҳукми қарори ниҳоиро дошт. Барои ба Ҳирот рафтан ман бояд аз ӯ иҷозат мегирифтам.

Шариф Ҳамдампур

(Давом дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *