Ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Истиқлол” муваққатан манъ гардид

Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ки имрӯз, 20-уми ноябр аз соати 10 то  тақрибан 12:00  ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол” манъ мегардад.

Ба иттилои ин ширкат, чунин маҳдудият ба  рафъи камбудиҳои нақб, аз ҷмула корҳои марбут ба таъмир,  мумфаршкунӣ рат дорад.

“Ҳолати нақби “Истиқлол” боиси нигаронии ронандагону мусофирон гардида, аксар маврид онҳо вобаста ба масъалаи зикршуда аз тариқи саҳифаҳои филиали ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат карда буданд. Ҳарчанд нигоҳдории ин нақб ба зиммаи “IRS” нест, вале роҳбарият тасмим гирифт, ки барои рафъи камбудиҳои он иқдом намояд”,-омадааст дар иттилоияи ширкат.

Ширкати “IRS” аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки дар вақти пешбинишуда моҳияти маҳдудияти муваққатиро дуруст дарк намуда, тавсияҳои кормандони онҳоро риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *