МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муштариёни худ иқдоми “Дучандакунии гигабайтҳо“-ро дар доираи хизматрасонии МегаҚувва пешниҳод намуд. Истифодабарандагони нави тарофаи “Биё! Бисоз 2.0” бо пардохти абонентии 100 сомонӣ ё бештар аз он имкон доранд, ки трафики интернети худро дар давоми 3 моҳ ройгон ду баробар зиёд кунанд. Иқдом то 31 декабри соли 2026 эътибор дорад.

МегаҚувва – чунин аст номи опсияе, ки имкониятҳои муштариён васеъ менамояд. Масалан, “Дучандакунии гигабайтҳо” барои онҳое муфид аст, ки ба трафики зиёди интернет ниёз доранд. Ҳисобу китоб дар доираи он оддист. Масалан, агар муштарӣ тарофаи дорои бастаи интернетии иборат аз 60 Гб-ро пайваст намояд, боз 60 Гб-и дигар бо ёрии “Дучандакунии гигабайтҳо” ба муштарӣ пешниҳод карда мешавад. Дар баробари ин, истифодабарандагони нави тарофаи “Биё! Бисоз 2.0” МегаҚувва-ро дар давоми се моҳ ройгон истифода мебаранд ва ҳангоми зарурат имкон пайдо мекунанд, ки онро хомӯш кунанд. Шуруъ аз моҳи чорум нарх 33 сомонӣ барои 30 рӯз ташкил хоҳад дод, ин нисбат ба тағйирдиҳии тарофа барои дастраскунии трафики бештари интернет муфидтар аст.

МегаҚувва-ро метавон мустақилона тавассути барномаи МегаФон Life ё муроҷиат ба идораҳои хизматрасонии оператор пайваст намуд. Агар муштарӣ қаблан дар иқдоми “+100% трафики интернет ҳамчун тӯҳфа” иштирок карда бошад, давраи ройгони 3-моҳа барои истифодаи МегаҚувва “Дучандакунии гигабайтҳо” пешниҳод намегардад ва пардохт аз моҳи аввал ситонида мешавад — тӯҳфаро аз ширкат муштарӣ аллакай гирифта буд.

Зиёд тариқи онлайн видео тамошо мекунед, файлҳои кориро боргирӣ менамоед ё аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо фаъолона истифода мебаред? Гигабайтҳои худро бо МегаҚувва бо шартҳои муфид дучанд кунед ва вобаста ба бақияи трафики худ нигарон набошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *