Насби чароғакҳои нави роҳнамо дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар- маркази маъмурии вилояти Хатлон бо ҳадафи беҳтар намудани ҳаракати нақлиёт ва коҳиши тамбашавии мошинҳо чароғакҳои роҳнаморо иваз мекунанд.

Ба иттилои мақомоти шаҳри Бохтар, Муассисаи коммуналиву нигаҳдории роҳҳо дар ҳамкорӣ бо раёсати БДА аз Чин 15 ҷуфт чароғаки роҳнамо ворид кардаанд. Дар назар аст, дар 15 маконе, ки ҳаракати нақлиёт зиёд аст, чароғҳои роҳнамо иваз карда шаванд.

Дар Бохтар аз 5-уми октябри имсол низоми  “Шаҳри бехатар” фаъол аст. Масъулини ин шаҳр бар инанд, ки насби чароғакҳои муосир ва фаъолшавии “Шаҳри бехатар” дар коҳиши садамаҳои роҳу нақлиёт, пешгирӣ аз танбашавии мошинҳо ва бехатарии ҳаракати роҳ, мусоидат хоҳанд кард.

Рух додани садамаҳои нақлиётӣ аз масъалаҳои ташвишоварест, ки нигарониҳо аз он ҳамеша дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ садо медиҳад.

Аз моҳи январ то сентябри соли 2026 дар кишвар 500 ҳолати садамаи нақлиётии вазнин (бо марг ё осеби ҷиддӣ) сабт шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 7,1% бештар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *