Эмомалӣ Раҳмон ва Кристофер Ландау ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Кристофер Ландау, муовини котиби давлатии Амрико ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, мулоқоти онҳо рӯзи 18- уми ноябр дар Душанбе баргузор шуда, яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбати ҷонибҳо ҳамкории дарозмуддат дар бахши саноати кӯҳӣ будааст.

“Ба натиҷаҳои мулоқоти Сарвари давлати мо бо Президенти ИМА ва нишасти сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)”, ки соли гузашта дар Вашингтон доир гардиданд, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд. Ду ҷониб, ҳамчунин, раванди татбиқи мувофиқаҳои дар зимн бадастомадаро ба баррасӣ гирифтанд”,- гуфтааст манбаъ.

Дар ин мулоқот, рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардидааст.

Ҷонибҳо дар робита ба идомаи ҳамоҳангиҳои мақомоти соҳавии ду кишвар дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ибрози андеша намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *