Бонуе, ки дарди мардумро бо қалам мегӯяд (видео)
18-уми ноябр зодрӯзи журналисти шинохтаи тоҷик Фирӯза Сатторӣ аст. Ӯ соли 1974 таваллуд шудааст.
Фирӯза Сатторӣ аз зумраи бонувонест, ки солҳои зиёди умри худро ба журналистика бахшида, бо қалами бурро, сухани самимӣ ва муносибати нек ба мардум дар миёни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст.
Фирӯза Сатторӣ аз соли 2003 то соли 2019 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оила» буд ва дар рушди ин нашрия, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва рӯзгори оилаҳоро инъикос мекунад, саҳми назаррас гузоштааст.
Аз соли 2019 то ҳол роҳбарии сомонаи Oila.tj – ро ба уҳда дорад.
Дар тӯли фаъолияти журналистӣ бо чеҳраҳои маъруфи фарҳангу сиёсат мусоҳибаҳои ҷолиб анҷом додааст.
Мавзуи навиштаҳояш бештар аз зиндагии воқеии мардум сарчашма мегиранд. Ӯ мекӯшад, ки тавассути қалам садои афроди ниёзманду мушкилдорро ба гӯши ҷомеа расонад.
Фаъолияти ин бону танҳо бо матбуоти чопӣ маҳдуд намешавад. Ӯ бо истифода аз имкониятҳои журналистикаи муосир дар барномаҳои видеоӣ низ фаъол аст. Бо ҳунармандони маъруфи санъату театри тоҷик суҳбатҳои хотирмон анҷом медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ