Мусодираи беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти Рафоат Юлдашева, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе бо гумони интиқоли ғайриқонунии маснуоти тиллоӣ аз хориҷи кишвар хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, Рафоат Юлдашева 4-уми ноябри соли ҷорӣ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир шудааст.

“Зимни санҷиш аз бадани номбурда, ки маснуоти тиллоиро зери либосҳояш пинҳон намуда буд, гарданбанд, дастбанд, гӯшвора ва дигар маснуоти тиллоӣ бо вазни умумии 3580 грамм дарёфт ва мусодира гардид”,- гуфтааст манбаъ.

Хадамоти гумрук таъкид намудааст, ки гумонбар Рафоат Юлдашева маснуоти мазкурро аз шаҳри Истамбули Туркия бо роҳнамоии шахсоне бо номҳои «Сайёра» ва «Алӣ» тавассути хатсайри Истамбул -Боку -Душанбе бо роҳи пинҳон намудан дар бадани худ, ба Тоҷикистон ворид намудааст.

«Тибқи маълумотномаи ташхисии Хадамоти назорати давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2026, маснуоти пешниҳодгардида аз металли тиллои зард буда, дорои иёри 585 мебошад. Шумораи умумии он 1037 адад ва вазни умумӣ 3555,48 граммро ташкил дода, арзиши он 2 миллиону 647 ҳазору 720 сомонию 19 дирам муайян карда шудааст»-афзудааст Хадамоти гумрук.

Манбаъ мегӯяд, гумонбар барои фаъолияти вобаста ба муомилот ва фурӯши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо иҷозатномаи махсуси мақомоти дахлдорро надорад.

Нисбати Рафоат Юлдашева бо моддаи 289, қисми 2 -и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *