Бастаҳои “MIX”: интернет бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ

МегаФон Тоҷикистон силсилаи бастаҳои интернетии “MIX”-ро пешниҳод менамояд, ки трафики умумии интернетро бо ҳаҷми иловагии гигабайтҳо махсусан барои хизматрасониҳои маъруфи рақамӣ якҷоя менам

Афзалияти асосии силсилаи “MIX” имконияти интихоби баста вобаста ба ниёзу талаботи махсуси муштарӣ ба шумор меравад. Бастаҳо дар давоми 30 рӯз амал карда, аз тарофа вобастагӣ надоранд ва ҳангоми ивази он нигоҳ дошта мешаванд.

Трафики иловагӣ барои истифодаи паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоии маъруф пешбинӣ гардидааст. Ба рӯйхати онҳо Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook Messenger, Instagram, «ВКонтакте», «Одноклассники», Facebook, TikTok ва YouTube дохил мешаванд.


Ба муштариён шаш варианти бастаҳо дастрас аст:

НомҲаҷми трафики умумӣҲаҷми трафик барои хизматрасониҳо Нарх
MIX 5 Гб1 Гб4 Гб37 сомонӣ
MIX 10 Гб3 Гб7 Гб43 сомонӣ
MIX 20 Гб5 Гб15 Гб69 сомонӣ
MIX 30 Гб10 Гб20 Гб99 сомонӣ
MIX 60 Гб20 Гб40 Гб149 сомонӣ
MIX 90 Гб30 Гб60 Гб199 сомонӣ

Силсилаи “MIX” имкон медиҳад, ки трафики интернет бо назардошти одатҳои рақамии ҳар муштарӣ ба таври нисбатан самаранок тақсим ва ҳаҷми мувофиқи хизматрасониҳо бо нархи дастрас интихоб карда шавад. Пайвасткунии дилхоҳ баста танҳо тавассути замимаи мобилии “МегаФон Life” имконпазир аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *