Сафири Русия дар Амрико даргузашт. Сабаби марги ӯро эълон карданд
Александр Дарчиев, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 11-уми ноябри имсол дар синни 66-солагӣ даргузашт.
Вазорати корҳои хориҷии Русия бо тасдиқи ин хабар, сабаби марги ӯро бемории музмин эълон кардааст.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия сабаби марги сафирро шарҳ додааст. Ӯ гуфтааст, Александр Никитич дар Маскав бар асари бемории музмин аз олам даргузашт.
Хабаргузориҳои “Reuters”, “Associated Press” ва «Интерфакс» низ бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи марги дипломати рус хабар додаанд.
Александр Дарчиев аз моҳи марти соли 2025 вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба уҳда дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ