Вокунишҳо ба хабару наворҳо аз зиёни сели шаби гузашта
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба як наворе, ки аз боронҳои шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, вокуниш кардааст.
Дар навори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки дар пайи боридани борони зиёд, об то даромадгоҳи яке аз биноҳои истиқоматӣ расидааст. Ин навор дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ сабт шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар саҳифаи фейсбукии худ гуфт, дар пайи боришоти шаби 10 ба 11-уми ноябр дар ҷамоати шаҳркаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаву хиёбонҳо об паҳн гардид.
“Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, маълум мебошад, ки шахси наворбардор худ аз дохили бино берунро сабт карда истодааст, ҳол он ки шабона зернизомҳои ҳудудии низоми ягонаи ҷамоат ба корҳои бартарафкунӣ ва тоза намудани қубурҳо ҷалб гардида буданд.”,омадааст дар вокуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ин ниҳод аз қавли сокинон, сабаби дар хиёбонҳо паҳн гардидани обро афзоиши манзилҳои истиқоматӣ ва маҳкам намудани қубурҳои обгузар номидааст.
Дар зимн, мақомоти шаҳри Кӯлоб низ дар хитоб ба корбарони шабакаҳои иҷтимои гуфтааст, хабару наворҳои паҳншуда оид ба омадани сел ва зиёни манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар шаҳр асоси воқеи надоранд.
Ба иттилои бахши матбуоти ин шаҳр, дар натиҷаи боришоти шаби 10 ба 11-уми ноябр дар соҳилҳои сойи Тебалай ва Девонасой ягон ҳолати ташвишовар ба қайд гирифта нашудааст.
“Ба манзилҳои истиқоматии сокинон, иншооти иҷтимоӣ ва роҳу пулҳои ҳудуди шаҳр ҳеҷ гуна зарар нарасидааст”,-гуфтааст манбаъ.
Чунин вокунишҳо дар ҳолест, ки селу боронҳои шаби гузашта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиётро мушкил намуда, дар бархе роҳҳои пиёдагард об ҷамъ шуда, гаштугзори сокинонро ҳам душвор кардааст.
Дар баъзе шоҳроҳои кишвар низ аз боридани барфу боронҳои зиёд иттилоъ доданд.
Ширкати IRS, масъули нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аз лағзиши кӯҳпора хабар дод, ки бар асари боридани борони пуршиддат рух додааст.
Қаблан Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз сардиҳои рӯзҳои охир ва боронҳои пуршиддату омадани сел сокинонро ҳушдор дода буд. Ин ниҳод эълон карда буд, ки боришот то 13-уми ноябр идома хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ