Боздошти 4 нафар ба гумони дуздии пулу телефонҳои “Пойтахт Инвест”   

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти чаҳор нафар, бо шумули ду ноболиғ хабар дод, ки барои даст доштан дар дуздӣ гумонбар мешаванд.

Ин ниҳод рӯзи 11-уми ноябр иттилоъ дод, ки Сайдалӣ Нарзуллоеви-28 сола, Анҷуман Исмоилови-21 сола ва ноболиғон Қурбонов И. ва Ибрагимов М.-ро, ки қаблан бо ҷурмҳои гуногун маҳкум шудаанд, дастгир намудаанд.

 Манбаъ мегӯяд, зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон пинҳонӣ вориди утоқи кории ширкати сохтмонии «Пойтахт Инвест» гардида, пул ва телефонҳои мобилиро, ки дар маҷмӯъ беш аз 91 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намудаанд.

“Айни замон 4 далели ҷиноятҳои дуздии гумонбарон ошкор гардида, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд”,-гуфтааст РВКД Душанбе.

Ду рӯз қабл аз ин, пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти 6 ноболиғ дар пойтахт хабар дода буд, ки ба манзили сокинон даромада, пулу моли онҳоро рабудаанд.

Солҳои охир ҷинояткори миёни ноболиғону ҷавонон нигарониҳоеро ба миён овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *