Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Дӯстӣ

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шудааст.

Ба иттилои мақомоти маҳаллии ин ноҳия, кишоварзони Дӯстӣ бо ҷамъоварии беш аз 18 ҳазору 500 тонна пахта нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Дӯстӣ аз ноҳияҳои асосии пахтакор дар вилояти Хатлон буда, дар солҳои гузашта нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро кардааст.

Имсол дурнамои истеҳсоли пахта дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон 266 ҳазору 200 тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти  расмӣ, то 9-уми ноябр  дар вилояти Хатлон 177 ҳазору 263 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки беш аз 66 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.

Қаблан дар вилояти  Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант ва Данғара низ аз иҷрои ҷамъоварии пахта хабар дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *