Директори “Ориёно” муовини раиси шаҳри Бохтар шуд

Шаҳло Насруллоева, муовини раиси шаҳри Бохтар таъин шудааст.

Дар ин бора аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj иттилоъ дода гуфтанд, Шаҳло Насруллоева то расидан ба ин мақом, директори литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар буд.

Хонум Насруллоева ба ҷойи Наргис Қурбонзода муовини раиси шаҳри Бохтар ва Наргис Қосимзода бошад,  директрои литсейи  “Ориёно”-и Бохтар таъин шудааст.


Шаҳло Насруллоева бештар аз панҷ соли охир роҳбарии  литсейи давлатии “Ориёно”-и Бохтарро ба уҳда дошт.

Наргис Қурбонзода як замон муовини раиси шаҳри Левакант ва чанд соли охир муовини раиси шаҳри Бохтар буд.

Ҳафтаи гузашта дар пайи тағйиротҳои кадрӣ дар шаҳру навоҳии гуногун, дар Хатлон низ як қатор дигаргуниҳои кадрӣ сурат гирифта, роҳбарони баъзе ноҳияҳо иваз карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *