10 далели ҷолиб дар бораи милитсияи тоҷик

10 ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик аст. Ба ин муносибат 10 далели ҷолибро манзури шумо мегардонем.
 
 
1. Дар таъсиси милитсияи тоҷик коргардон Комил Ёрматов саҳм доштааст. Бунёдгузори синамои тоҷик Комил Ёрматов аз шахсоне буд, ки дар ташкили нахустин дастаҳои милитсия саҳм гузошт. Тибқи маълумоти таърихӣ 10 ноябри соли 1918 дар Конибодом барои таъсиси милитсияи халқӣ ташаббус нишон додааст.

2. Нахустин дастаҳои милитсия дар Хуҷанд ва Уротеппа пайдо шудаанд. Ҳанӯз дар охири соли 1917, пеш аз ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза) дастаҳои милитсия фаъолият мекарданд. Онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаҳои сиёсии он давра иштирок доштанд.
 
3
. То соли 2012 дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияро 6-уми феврал ҷашн мегирифтанд. Баъди омӯзиши санадҳои таърихӣ ва ворид шудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», санаи таҷлил ба 10-уми ноябр гузаронида шуд.

4. Аввалин роҳбари корҳои дохилии Тоҷикистони мухтор Абдулло Ёрмуҳаммадов буд. Соли 1924 Абдулло Ёрмуҳаммадов нахустин комиссари халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъин гардид. Ин яке аз марҳалаҳои асосии ташаккули мақомоти корҳои дохилии тоҷик буд.

5. Таърихи расмии мақомоти корҳои дохилӣ аз 6 феврали соли 1925 оғоз мешавад. Ҷолиб аст, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар биное оғоз ёфт, ки баъдан ҳамчун бинои Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шинохта шуд.

6. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон духтаронро низ ба мактаби милитсия қабул мекарданд. Дар солҳои 1941–1945, бинобар ба ҷанг сафарбар шудани бисёр ҷавонон, ба ду курси мактаби милитсия духтарон қабул шуданд. Баъзе аз онҳо баъдан ба кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти милитсия табдил ёфтанд.

7. Соли 1930 дар Душанбе мактаби дусолаи милитсия фаъолият дошт. Ҳанӯз соли 1930 дар Сталинобод (Душанбеи имрӯза) мактаби дусолаи милитсия амал мекард. Дар ин муассиса кормандонро барои фаъолияти касбӣ омода менамуданд. Баъдан курсҳои якмоҳа, думоҳа, семоҳа ва шашмоҳаи тайёр кардани кадрҳо низ роҳандозӣ шуданд.

8.То истиқлол Тоҷикистон муассисаи мустақили таҳсилоти олии махсус барои омода кардани кормандони милитсия надошт. Соли 1991 Мактаби олии ВКД ташкил шуда, 30 декабри соли 2000 ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
 
9. Дар даврони истиқлол 90 корманди мақомоти корҳои дохилӣ соҳиби рутбаи генералӣ шудаанд. Ҳамчунин, 990 корманд бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

10. Имрӯз дар мақомоти милитсияи Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор нафар фаъолият доранд. Ҳамчунин, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз соли 2026, дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон 10 456 корманди ғайриштатии милитсия фаъолият доранд. Фаъолияти ин гурӯҳ ба ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *