Боздошти як гурӯҳ ноболиғ бо гумони дуздӣ

Пулиси шаҳри Душанбе 6 ноболиғро дар пойтахт дастгир намудааст, ки ба манзили сокинон даромада, пулу моли онҳоро рабудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, ноболиғон Сиддиқов А, Ғоибов М, Мусулмонов М, Яқубов О, Салоев М ва Нарзуллоев М, сокинони шаҳри Душанбе буда, пинҳонӣ ба манзили шаҳрвандон ворид шуда, маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефони мобилӣ ва ҳатто ҳуҷҷатҳои шахсии онҳоро рабудаанд.

“Аз ҷумла, ба манзили истиқоматии Дилшодов М., воқеъ дар кӯчаи Зафар ворид шуда, аз дохили ҷевони либосҳо маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефон ва дигар ашёи арзишмандро, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 163 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф кардаанд”,-гуфтааст мақомоти пулиси Душанбе.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан се ҳолати дуздии номбурдагон ошкор шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мақомот шарҳ надодааст, ки ноболиғон хонандаи кадом мактаб ҳастанд. Назари наздикони онҳо ба хабари мақомот маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *