Дар чанде аз хиёбонҳои Душанбе роҳҳо баста мешаванд

Пагоҳ, 10-уми ноябр дар чанд хиёбони пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, фардо аз соати 07:30 то  09:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбони И. Сомонӣ, кӯчаҳои С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов муваққатан маҳдуд мегардад.

Ба иттилои манбаъ, чунин маҳдудият дар хиёбонҳои номбаршуда, баъд аз нисфирӯзии 10-уми ноябр низ ҷорӣ хоҳад шуд.

Пулси Душанбе аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки  аз роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Сабаби муваққатан баста шудани роҳҳо шарҳ дода нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *