Аз садоқат ба савганд то пешгирии ҷиноятҳо. Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10-уми ноябр таҷлил мегардад, нишасту мулоқотҳои  гуногун баргузор шуда, атрофи паҳлуҳои мухталифи кори онҳо табодули назар сурат мегирад.

Аз ҷумла шоми 8-уми ноябр ба муносибати ин сана дар Душанбе чорабиние баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иброз доштааст, ки “мо, кормандони мақомоти милитсия, бо садоқатмандӣ ба савганди худ, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини суботу оромӣ ва амнияти ҷомеа ҳамеша ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат менамоем.”

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар ин нишаст афроди гуногун аз қабили муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбарони раёсатҳои ВКД, кормандони ҷузъу томҳои милитсияи пойтахт, собиқадорон ва фаъолони ҷомеа ширкат намудаанд.

“Зимни суханрониҳо аз таърихи ташаккул ва роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик, саҳми арзандаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими суботу амнияти ҷомеа ёдоварӣ карда шуд”,- навиштааст манбаъ.

Аз ин қабл,  7-уми ноябр дар ҳамоиши дигаре дар пойтахт Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомотро  ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик табрик гуфта, таъкид кардааст, ки “милитсия дар ҳама давру замон, бахусус дар марҳилаҳои ҳассосу мушкили таърихи давлатдорӣ, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи амнияти шаҳрвандон қарор дошт.”

“Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он беш аз 1500 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд”,-навиштааст сомонаи расмии ВКД.

Дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ гузаронида шудааст.

Дар ин чорабинӣ Шариф Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар 35 -соли соҳибистиқлолӣ, нақши милитсияи Хатлон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ ёдовар шудааст.

Дар паради щарбӣ сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД  машқҳои тактикиро бо истифода аз яроқи ҷангӣ намоиш дода, омодагии ҷангӣ, маҳорати касбӣ ва ҳамоҳангии амалиёти худро нишон додаанд.

Маҳмадсафар Пирзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ҳамоише ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз таваҷҷуҳ ва ғамхории президенти кишвар нисбати мақомот, дастгирии ҳукумат ҷиҳати фароҳамсозии шароити кору хизматрасонӣ, саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгири ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ суҳбат кардааст.

Шафизода Рустам,  сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ дар ҳамоиши Рӯзи милитсияи тоҷик аз нақши муҳими милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон суҳбат карда, иброз доштааст, “хизмат дар сафи милитсия пеш аз ҳама масъулияти баланд, садоқат ба савганди касбӣ, ҷасорат, матонат ва омодагии ҳамешагӣ барои ҳимояи оромию осудагии ҷомеаро талаб менамояд”.

Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шуравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун милитсияи Шуравӣ муаррифӣ карда мешуд.

Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун  «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *