55 сол дар як театр (видео)
Имрӯз, 9 ноябр зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театру синамо Ғолиб Исломов аст. Ӯ 79-сола шуд. Ғолиб Исломов 9 ноябри соли 1947 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст.
Соли 1971 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм карда, фаъолияти ҳунариашро дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон оғоз намуд. Аз он замон то имрӯз, яъне 55 сол аст, ки ба ин даргоҳи ҳунар содиқ мондааст.
Ӯ дар беш аз 200 намоиши театрӣ ва зиёда аз 40 филми ҳунарӣ нақш офаридааст.
«Чор нафар аз Чорсанг», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Манзилатон обод бод» ва «Боз як шаби Шаҳрзод» аз ҷумлаи филмҳои маъруф, ки дар онҳо нақш офаридааст.
Ҳамчунин, Ғолиб Исломов дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Соли 1991 ӯ бо унвони Ҳунарпешаи шоиста ва соли 2002 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ