Медали тилои ду варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш

Варзишгарони тоҷик 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини курашро бо 2 медали тило, 1 нуқра ва 3  биринҷӣ ба анҷом расониданд.

Ин мусобиқа аз 4 то 9-уми ноябри имсол дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида, дар он Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекард.

Ҳақназар Назаров (-90 кг) ва Сарвар Абдушукуров (-66 кг), варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа бо ғолиб омадан бар рақибони худ, медали тило ба даст овардаанд.

Ҳақназар Назаров рақибаш Йиҳам Кемалов аз Туркманистон ва Сарвар Абдушукуров намояндаи Ӯзбекистон – Баҳромбек Атоевро дар финали мусобиқа шикат дода, ғолибиятро ба даст овардаанд.

Ба иттилои телвизиони “Варзиш” Ҳақдод Гулов (-60 кг), варзишгар дигари тоҷик  дар финал аз варзишгари мизбон Миразат Айбатир мағлуб шуда, медали нуқра гирифтааст.

Паҳлавонони дигари  тоҷик- Умар Шеров (-73 кг), Наврӯз Каримзод, (-81 кг) ва Саидҷамол Алимардонов (-100 кг)  медали нуқра ба даст овардаанд.

Ба ин тартиб, аз ҳайати тими Тоҷикистон танҳо ба Фирдавс Насимов (-120 кг) муяссар нашуд дар ин мусобиқа медал гирад.

Дар 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар шаҳри Остона варзишгарон аз 72 кишвар ширкат кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *