Бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ифтитоҳ шуд
7 ноябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи бино Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев иштирок намуда, лентаи рамзиро буриданд.
Ба иттилои расмӣ, бинои нави сафорат дар кӯчаи Анатолий Храпатый ҷойгир аст.
Ба сарони ду давлат видеонамоиш дар бораи маҷмаа пешниҳод гардида, сипас онҳо аз бинои нави намояндагии дипломатӣ боздид карданд.
Ифтитоҳи бинои нав қадами муҳим дар таҳкими ҳузури дипломатии Тоҷикистон дар Қазоқистон ва густариши муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ