Абераи Аҳмади Дониш: Ифтихор мекунам, ки аз миллати тоҷикам
Одил Дониш, абераи донишманд, нависанда ва мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад. Ӯ аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар Миср буда, раёсати ширкатҳои бузурги «Smart Villages» ва «Silicon Waha»-ро бар уҳда дорад. Одил Дониш дар нахустин сафараш ба Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ (AICONF-2026) иштирок намуда, бо намояндагони Ҳукумати кишвар, аҳли илму адаб ва фарҳанг мулоқот кард. Зимни ин сафар Одил Дониш ҳамчунин, меҳмони идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj шуд. Мо бо эшон суҳбати гарме доштем, ки сарнавишти хонадони Аҳмади Дониш дар Миср, ҳифзи насаби Дониш, мероси илмии ин мутафаккири бузург ва таассуроти Одил Дониш аз сарзамини аҷдодӣ дар меҳвари он қарор дошт.
– Ҷаноби Одил Дониш, хуш омадед ба Тоҷикистон, ба Ватани аҷдодии худ!
– Ташаккур!
– Одил-ака, иҷозат диҳед ба шумо бо ҳамин шеваи маъмули бухороиҳо муроҷиат кунам. Вақте ба Тоҷикистон омадед ва шунидед, ки дар ин ҷо номи бобокалонатон Аҳмади Донишро бо эҳтироми зиёд ба забон меоранд, чӣ эҳсос кардед?
– Пеш аз ҳама, мехоҳам миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоям, ки маро ба Тоҷикистон даъват карданд. Барои ман ин сафар бисёр муҳим ва хотирмон аст. Аз он хушҳолам, ки ба сарзамини аҷдодии худ омадам ва мебинам, ки номи бобокалонам Аҳмади Дониш дар ин ҷо бо эҳтиром ёд мешавад.
– Барои ман ва барои мардуми Тоҷикистон бисёр ҷолиб аст, ки хонадони Дониш чӣ гуна дар Миср падид омад. Метавонед дар бораи таърихи ба Миср рафтани Аҳмади Дониш ва сарнавишти авлоди ӯ нақл кунед?
– Мехоҳам нахуст дар бораи сафари Аҳмад Махдуми Дониш ба Миср сухан гӯям. Тибқи маълумоте, ки дар хонадони мо аз насл ба насл расидааст, ин сафар баъди бозгашти ӯ аз Санкт-Петербург сурат гирифтааст. Маълум аст, ки Аҳмади Дониш пас аз сафарҳояш ба Русия ба амири Бухоро оид ба ислоҳоти соҳаи маориф, илм ва давлатдорӣ пешниҳодҳои зиёде мекунад. Аммо ин пешниҳодҳо аз ҷониби амир пазируфта намешаванд. Ва ин боиси сард шудани муносибати ӯ бо амир мешавад.
Дар ҳамин давра Аҳмади Дониш ба сафари Ҳаҷ меравад. Тибқи ривояти хонаводагии мо, ӯ дар фосилаи солҳои 1874-1885, ҳангоми бозгашт аз сафари Ҳаҷ, ба Миср омада, муддате дар ин кишвар зиндагӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ тақрибан се то панҷ сол дар шаҳри Танто, воқеъ дар садкилометрии шимоли Қоҳира, иқомат доштааст.
Дар ҳамин шаҳр Аҳмади Дониш бо бибикалони мо, ки зани мисрӣ буд, издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷ ду писар – Муҳаммад ва Абдурраҳмон ба дунё меоянд. Баъдан Аҳмади Дониш Мисрро тарк карда, бе ҳамсару фарзандонаш ба Бухоро бармегардад. Ман набераи Муҳаммад Дониш, писари Аҳмади Дониш ҳастам.
Ҳамсару фарзандони Аҳмади Дониш дар шаҳри Танто зиндагиро идома медиҳанд. Онҳо дар он ҷо такя ё хонақоҳи хонаводагии худро ташкил мекунанд. Он замон бисёре аз бухороиҳое, ки барои адои Ҳаҷ ба Макка мерафтанд, аз Миср мегузаштанд. Зеро роҳи маъмулии сафар тавассути Эрону Ироқ чандон амн набуд. Ин мусофирон аксаран дар такяи хонадони мо таваққуф мекарданд.
Ҳамин тавр, хонадони Дониш дар Миср ташаккул ёфт ва наслҳои баъдӣ низ дар ин кишвар ба воя расиданд. Бо вуҷуди гузашти солҳо пайванди мо бо Бухоро ва решаҳои аҷдодиамон фаромӯш нашуд.

– Акнун мехостам дар бораи авлоди Аҳмади Дониш дар Миср бештар маълумот диҳед. Онҳо ба чӣ корҳо машғул буданд ва имрӯз намояндагони ин хонавода дар кадом соҳаҳо фаъолият мекунанд?
– Бобои мо Муҳаммад Дониш панҷ писар ва як духтар дошт. Ӯ ба илму маърифат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекард ва мехост, ки фарзандонаш соҳибилму соҳибкасб шаванд. Ба як маъно, талош мекард, ки роҳи маорифпарварии падари худ Аҳмади Донишро идома диҳад.
Масалан, бо талоши ӯ, аммаи ягонаи ман Саъдия дар соҳаи тиб таҳсил кардааст. Ӯ тақрибан дар солҳои 1920-1930 таҳсилашро анҷом дода, аз ҷумлаи аввалин занони мисрӣ буд, ки дар он давра соҳиби маълумоти тиббӣ гардид.
Ин барои он замон кори осон набуд. Аммо бобои мо ба таҳсили духтарон низ аҳамияти зиёд медод. Ӯ мехост, ки ҳамаи фарзандонаш, новобаста аз писар ё духтар буданашон, илм омӯзанд ва дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳи худ шаванд.
Падари ман Рашод Дониш солҳои зиёд дар соҳаҳои низомӣ ва дипломатӣ фаъолият кардааст. Аз ҷумла, ӯ фармондеҳи мисрӣ дар Ғазза буда, баъдан ба ҳайси сафири Миср дар Малайзия ва Юнон кор кардааст. Падарам соли 1997 аз олам гузашт.
Ман дар ин ҷо як пайванди ҷолиб мебинам. Аҳмади Дониш дар замони худ ҳамчун намояндаи аморати Бухоро ба Санкт-Петербург сафар карда, дар корҳои дипломатӣ иштирок дошт. Наслҳои баъдии ӯ низ ба ин соҳа рӯ оварданд. Падари ман ҳам дипломат шуд.
Амаки калониам соҳибкор буд ва дар хонаводаи мо ҳамчун шахси калонсолу роҳнамо эҳтиром дошт. Яке аз амакҳоям муҳандис ва намояндаи дигари хонавода ба фаъолияти илмӣ машғул буд. Ҳамин тавр, фарзандону набераҳои Муҳаммад Дониш ҳар кадом роҳи худро дар илму маориф, муҳандисӣ, тиҷорат ва давлатдорӣ пайдо карданд.
Мо медонем, ки Аҳмади Дониш шахсияти бисёрҷанба буд. Ӯ ба астрономия, наққошӣ, хаттотӣ, шеър ва нависандагӣ машғул мешуд. Ба назари ман, ҳамин шавқи донишомӯзӣ ва таваҷҷуҳ ба илм дар наслҳои баъдии хонаводаи мо низ идома ёфт.
Ману бародарам Шариф дар Қоҳира ва Париж таҳсил карда, ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ рӯ овардем. Ман фаъолияти касбиамро дар ширкати IBM оғоз кардам. Баъдан дар Фаронса ширкати худро таъсис додем ва солҳои зиёд дар соҳаи техника, технологияҳои муосир ва идоракунии ширкатҳои фанноварӣ фаъолият кардем.
– Хонадони шумо насаби Донишро чӣ гуна ҳифз кард?
– Барои мо насаби Дониш масъулият аст. Мо дарк мекунем, ки ин насаб таърих дорад ва бо номи як шахсияти бузург пайванд аст. Аз ин рӯ, ҳамеша кӯшиш кардаем, ки онро ҳифз намоем.
– Барои ман ҷолиб аст, ки шумо дар ҳуҷҷатҳо чӣ тавр насаби Донишро нигоҳ доштед?
– Дар ҳуҷҷатҳои падари ман Рашод насаби ӯ «Дониш» сабт шудааст. Ҳатто дар яке аз ҳуҷҷатҳо касби бобои мо «нависанда» нишон дода шудааст. Аммо насаби Донишро нахуст бобоям Муҳаммад расман истифода кардааст.
Бояд бигӯям, ки дар масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ низ хонаводаи мо мушкилоти муайяне дошт. Муҳаммад Дониш, ки солҳои 1880-1948 зиндагӣ кардааст, танҳо соли 1931 аз ҷониби Ҳукумати Миср санади шаҳрвандӣ гирифтааст.
То он замон ба ӯ мегуфтаанд, ки азбаски падараш бухороӣ аст, барои гирифтани шиноснома бояд аз Бухоро санад пешниҳод кунад. Ҳамин масъала муддати зиёд ҳал нашуда буд.
Ин ҳам яке аз далелҳои муҳимест, ки нишон медиҳад, дар хонадони мо масъалаи асли бухороӣ ва насаби Дониш аз гузашта маълум будааст.

– Ҷаноби Дониш, шумо қаблан бо сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода мулоқот доштед. Дар он суҳбат гуфта будед, ки хонаводаи шумо баъзе анъанаҳои мардуми Бухоро, бахусус пухтани оши палавро ҳифз кардааст. Ба ғайр аз ин, боз кадом унсурҳои фарҳанги бухороӣ дар хонадони шумо боқӣ мондаанд?
– Бале, дар хонадони мо аз гузашта пухтани таомҳое маъмул буд, ки ба таомҳои маъмулии мисрӣ монанд нестанд. Масалан, палав ва лағмон.
Ин таомҳо дар хонаводаи мо аз насл ба насл гузаштаанд ва то имрӯз низ омода карда мешаванд. Мо онҳоро як нишонаи пайванди хонаводагии худ бо Бухоро медонем.
Боз як нуктаи ҷолибро мехоҳам ёдовар шавам. Яке аз амакҳои ман дар гузашта мағозаи хурде дошт. Номи он мағоза «Дониш» буд. Баъдан, вақте тиҷорати ӯ рушд кард ва мағозаҳои дигар кушод, ба ҳамаи онҳо низ номи «Дониш»-ро гузошт.
Яъне ҳатто дар фаъолияти тиҷоратӣ кӯшиш мекард, ки номи хонаводагӣ ҳифз шавад ва аз ёд наравад. Ба назари ман, ин ҳам як шакли эҳтиром ба гузашта ва решаҳои хонаводаи мост.
– Оё дар хонадони шумо аз Аҳмади Дониш ягон ёдгорӣ боқӣ мондааст? Қаблан шунида будем, ки як нусхаи дастнависи “Қуръон”-ро нигоҳ медоред. Ин дуруст аст?
– Бале, чунин ёдгорӣ вуҷуд дорад. Дар хонадони мо як нусхаи Қуръони карим нигоҳ дошта мешавад, ки тибқи ривояти хонаводагӣ, онро худи Аҳмади Дониш бо даст навиштааст.
Ҳоло ин дастнавис дар ихтиёри яке аз писарамакҳои ман аст.
Соли 2025 профессор Аскаралӣ Раҷабов ба Миср омада буд. Дар суҳбат бо ман ӯ таъкид кард, ки Аҳмади Дониш аз овони ҷавонӣ то охири умраш ба хаттотӣ ва хушнависӣ машғул будааст.
Ман ният дорам, ки ҳангоми сафари ояндаам ба Тоҷикистон ин дастнависро низ бо худ биёрам, то донишмандон ва мутахассисони соҳаи хатшиносӣ онро бубинанду омӯзанд.
– Шумо кай аввалин бор фаҳмидед, ки бобокалонатон Аҳмади Дониш шахсияти бузург ва таъсиргузор дар Осиёи Марказӣ будааст. Оё асарҳои ӯро мутолиа кардаед?
– Тақрибан панҷоҳ сол пеш яке аз амакҳои ман ба Ӯзбекистон сафар карда буд. Дар он ҷо вақте фаҳмиданд, ки ӯ аз авлоди Аҳмади Дониш аст, ба ӯ китобе дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти ин мутафаккир тақдим карданд.
Амакам баъди бозгашт ба Миср ин китобро бо кӯмаки донишмандони Донишгоҳи «Ал-Азҳар» мутолиа кард. Ҳамин тавр, мо дар бораи зиндагӣ, осор ва ҷойгоҳи илмии бобокалонамон маълумоти бештар пайдо намудем.
То он вақт мо медонистем, ки решаҳои хонаводагиамон ба Бухоро мерасанд ва бобокалонамон шахси донишманд будааст. Аммо баъди шиносоӣ бо он китоб фаҳмидем, ки ӯ дар таърих чӣ мақоме доштааст.
Аз ҳамон вақт дар ман шавқи бештар пайдо шуд, ки рӯзе ба сарзамини аҷдодӣ биёям ва бо мероси Аҳмади Дониш аз наздик шинос шавам.
Баъдтар, бо пайдоиш ва рушди интернет, имкониятҳои мо барои омӯзиши осори ӯ бештар гардид. Ман кӯшиш кардам, ки китобҳо ва маълумоти марбут ба Аҳмади Донишро аз манбаъҳои гуногун пайдо кунам.
Мо бо донишмандону муҳаққиқони донишгоҳҳои Лос-Анҷелес, Калифорния ва Испания, ки таърихи Осиёи Марказӣ ва рӯзгору осори Аҳмади Донишро меомӯзанд, робита барқарор кардем.
Ман ҳамчунин талош намудам, ки бо хонадони Садриддин Айнӣ дар тамос шавам. Зеро медонам, ки устод Айнӣ аз мероси Аҳмади Дониш огоҳии амиқ доштанд ва дар бораи шахсият ва фаъолияти ӯ маълумоти арзишманд додаанд.
Солҳои охир китоби машҳури Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ»-ро ба телефонам боргирӣ кардам. Бо истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ онро тарҷума намуда, ба мутолиа пардохтам.
Профессор Аскаралӣ Раҷабов низ ба ман чанд китоб дар бораи Аҳмади Дониш тақдим карданд. Ман кӯшиш кардам, ки онҳоро мутолиа намоям.
Барои ман, ки дар соҳаи технология фаъолият мекунам, осори илмии Аҳмади Дониш, бахусус пажӯҳишҳои ӯ дар бораи астрономия, бисёр ҷолиб аст. Мо солҳои охир кӯшиш кардем, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ баъзе андешаҳои илмии ӯро бо дастовардҳои илми муосир муқоиса намоем…
– Шумо дар соҳаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ фаъолият доред. Оё миёни интихоби касби худ ва шавқу рағбати ҷадди бузургатон ба илм, кашфиёт ва шинохти падидаҳои нав ягон пайванд мебинед?
– Шояд чунин пайванде вуҷуд дошта бошад. Мо медонем, ки Аҳмади Дониш шахсе буд, ки ба илмҳои гуногун таваҷҷуҳ дошт ва мекӯшид аз дастовардҳои замони худ огоҳ бошад. Ман ҳам тамоми умр дар соҳаи технологияҳои нав фаъолият кардаам. Имрӯз зеҳни сунъӣ имкониятҳои бисёр васеъ фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, мехоҳам минбаъд бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ барои омӯзиш ва муаррифии осори Аҳмади Дониш саҳм гузорам.
Махсусан ният дорам, ки асарҳои ӯро аз забони асл, яъне форсии тоҷикӣ, ба забони арабӣ тарҷума ва муаррифӣ намоем.
– Чанд рӯз аст, ки дар Тоҷикистон қарор доред. Дар сатҳи баланд дидору мулоқотҳо анҷом додед, вазири корҳои хориҷии кишвар шуморо ба ҳузур пазируфт, дар ҳамоиши байналмилалии зеҳни сунъӣ ширкат кардед ва бо намояндагони ниҳодҳои илмӣ вохӯрдед. Аз ин сафар чӣ таассурот гирифтед ва кадом соҳаҳо барои ҳамкориҳои оянда бароятон ҷолиб буданд?
– Пеш аз ҳама, бори дигар мехоҳам барои даъват ва пазироии самимӣ миннатдории худро баён намоям.
Ман ифтихор мекунам, ки на танҳо бо Аҳмади Дониш пайванди хонаводагӣ дорам, балки решаҳои ман ба миллати тоҷик мерасанд.
Дар сафарам ба Тоҷикистон се чиз маро махсусан ба ҳайрат овард.
Якум, Неругоҳи барқи обии «Роғун». Ба назари ман, ин иншооти бисёр бузург ва нодир аст. Ҳар як тоҷик бояд аз он ифтихор кунад, ки чунин неругоҳи азим дар кишвараш бунёд мешавад. Ба ман гуфтанд, ки дар сохтмони он беш аз 20 ҳазор нафар фаъолият доранд. Ин нишон медиҳад, ки барои амалӣ намудани як ҳадафи бузурги миллӣ чӣ қадар заҳмат кашида мешавад.
Дуюм, шаҳри Душанбе. Ман аз зебоии пойтахти Тоҷикистон бисёр мутаассир шудам. Махсусан гулҳое, ки ҳатто дар фасли тирамоҳ шукуфонанд, таваҷҷуҳи маро ҷалб карданд. Ин гулҳо аз завқи зебоипарастии мардуми тоҷик низ шаҳодат медиҳад. Ман дар ин ҷо муҳаббати мардумро ба зебоӣ ва муҳити зиндагии худ эҳсос кардам.
Сеюм, бинои Театри миллӣ. Ин барои ман воқеан як муъҷизаи меъморӣ буд. Ман то ҳол чунин бинои зебо ва бошукӯҳро надида будам. Аз тамошои он таассуроти амиқ гирифтам.
Ба назари ман, ин ҳама нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон дар баробари рушди иқтисод ва бунёди иншооти бузург ба ҳифзи таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад ва дар саргаҳи ин корҳо Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ман инро бисёр муҳим мешуморам. Зеро ҳар миллате, ки мехоҳад ояндаи худро бисозад, бояд ҳамзамон таърих ва мероси фарҳангии худро низ ҳифз кунад.
– Оё ният доред, ки боз ба Тоҷикистон биёед ва робитаю ҳамкориҳоятонро бо кишвари мо идома диҳед?
– Бале, албатта. Ман бисёр умедворам, ки сафари навбатӣ ба Тоҷикистонро ҳамроҳи аҳли оилаам анҷом медиҳам. Мехоҳам онҳо низ сарзамини аҷдодии моро бубинанд, бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шаванд ва ҳамон эҳсосеро, ки ман дар ин сафар доштам, таҷриба кунанд.
Мусоҳиб Одил Нозир
Маълумотнома
Одил Дониш (Adel Danish) соли 1949 дар Миср ба дунё омадааст. Ӯ муҳандис, соҳибкор, мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия аст. Одил Дониш дар Қоҳира ва Париж таҳсил карда, фаъолияти касбиашро дар Маркази илмии ширкати байналмилалии IBM дар Париж оғоз намудааст. Соли 1978 дар Фаронса ширкати Standard-Data S.A.-ро таъсис дода, минбаъд дар рушди ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ дар Фаронса, Миср ва ИМА саҳм гузоштааст.
Солҳои 2000-2012 узви Шурои директорони ширкати бузурги телекоммуникатсионии Telecom Egypt ва солҳои 2001-2013 раис ва директори генералии ширкати Xceed буд. Ӯ раиси ширкати Smart Villages Company ва раиси Шурои мудирони Silicon Waha буда, дар рушди шаҳракҳои фанноварӣ ва инфрасохтори рақамии Миср саҳми назаррас дорад.
Одил Дониш муаллиф ва ҳаммуаллифи чандин патенти байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия мебошад. Соли 2000 бо ордени миллии «Барои хизматҳо»-и Ҷумҳурии Фаронса, дараҷаи кавалер, сарфароз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ