Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафар мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон сафари расмӣ намуда, аз 5 то 7-уми ноябр дар ин кишвар хоҳад монд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон бо даъвати Президенти ин кишвар Қосим-Жомарт Токаев сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, зимни сафар сарони ду давлат масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкими муносибатҳои ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир хоҳанд кард.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бахшҳои гуногун дар ҳоли рушд аст.
Ба иттилои расмӣ, ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистону Қазоқистон соли 2025 ба 1,2 миллиард доллар расидааст. Дар нуҳ моҳи соли 2026 бошад, ин нишондиҳанда 1,13 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230,9 миллион доллар ё 25,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ